Дар хоҷагиҳои ҷангали Рашту Роғун корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд
РАШТ, 29.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар сардиҳои зимистон дар парваришгоҳи Камароб ва минтақаи Сиёҳдараи ноҳияи Рашт 275 кг резаи гандум, 260 кг резаи ҷав, 290 кг резаи ҷуворимакка, 150 кг кунҷора, 230 кг намак ва 250 кг коҳ дар ҷои махсуси хӯрокдиҳии ҳайвонот ва парандагон гузошта шуд. Дар ҳолати боридани барфи зиёд Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Раштимконият дорад, ки боз корҳои биотехникӣ гузаронад.
Тавре сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт Абдулазиз Қаландаров ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД хабар дод, дар парваришгоҳи Камаробу минтақаи Сиёҳдараи ноҳияи Рашту минтақаҳои хоҷагии ҷангали шаҳри Роғун бо мақсади эмин мондану беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз давраи зимистон корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд.
«Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз сардиҳои фасли зимистон дар анбори муассиса 2764 килограмм маводи биотехникӣ захира намудем»,-илова кард Абдулазиз Қаландаров.
Дар мавзеъҳои ҷангалзори парваришгоҳи Камароб намудҳои гуногуни ҳайвоноти ёбоӣ, ба монанди бузи кӯҳӣ, хуки ваҳшӣ, хирс, гург, рӯбоҳ, ҷайра, шағол, суғур, далла ва қашқалдок, аз парандагон — кабки даштӣ, ҳилол, зоғҳо ва 17 намуди дигар парандаҳои нодир сукунат доранд.
Ҳамчунин дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Роғун иттилоъ доданд, ки дар рӯзҳои сарди зимистон бо мақсади пешгирии талафоти олами ҳайвонот ва парандагон дар мавзеъҳои муайянгардидаи хоҷагии ҷангали шаҳр чорабиниҳои биотехникӣ доир карда шуда, 250 кг резаи гандум, 450 кг хошок, 100 кг дӯлона ва 110 кг себи хушк пошида шуд.
АКС: Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Роғун








Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд






