Дар Озмоишгоҳи миллии референсии Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор ташхисҳои озмоишгоҳии ройгон гузаронида шуданд

Январь 20, 2023 08:42

ДУШАНБЕ, 20.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» соли 2022 барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ 11 860 ташхиси озмоишгоҳӣ  тариқи ройгон анҷом дод. Чунин иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии Озмоишгоҳи миллии референсӣ Баҳодур Холназар.  

Ба гуфти мавсуф, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа давоми соли 2022 дар умум  аз тарафи  озмоишгоҳ дар 2428 нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 154 376 сомонӣ ташхисҳои озмоишгоҳӣ  гузаронида шуданд.

Фаъолияти хубу босамари Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ», ки дорои дастгоҳҳои муосир ва шароити ташхисӣ мебошад, ба ташхиси саривақтӣ ва  табобати дурусту босифат мусоидат менамояд.

Дар озмоишгоҳи мазкур шароити корӣ пурра фароҳам оварда шуда,  таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гарданд.

Вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани баҳодиҳиҳии сифати тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат  мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 20, 2023 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид