Дар Суғд озмунҳои вилоятии «Донишҷӯи сол-2023» ва ихтироъкорону навоварони ҷавон гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд озмунҳои вилоятии «Донишҷӯи сол-2023» ва ихтироъкорону навоварони ҷавон гузаронида мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар бораи миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ гузаронидани озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол-2023» қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
Ҳамасола озмуни мазкур бо мақсади дарёфти донишҷӯёни беҳтарин, лаёқатманд, ташаббускор ва соҳибмаърифат байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ташкил гардида, муҳасиллини беҳтарину пешқадам бо туҳфаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ мешаванд.
Даври аввали озмун дар факултетҳо, даври дуюм миёни ғолибони даври аввал ва даври сеюм миёни ғолибони даври дуюм сурат гирифта, баррасӣ, баҳогузорӣ ва муайян намудани ғолибон аз ҷониби ҳайати комиссия анҷом дода мешавад.
Ҳамзамон дар бораи гузаронидани озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд роҳбарият супориш додааст.
Ин озмун бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳо дар соҳаҳои илму истеҳсолот ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас эълон гардида, дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия, куҳкорӣ, техникаву технология ва илмҳои табиатшиносӣ доир хоҳад шуд.
Дар озмун наврасону ҷавонони то 30-сола метавонанд иштирок намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид






