Дар Тоҷикистон нархи гази моеъ тақрибан 50% поён рафт

Январь 13, 2023 12:47

ДУШАНБЕ, 13.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон поён рафтани нархи гази моеъ, ки яке аз навъҳои асосии сӯзишворӣ маҳсуб мешавад, идома дорад. Онро дар ин шабу рӯз метавон дар қаламрави ҷумҳурӣ бо нархи 3,8 сомонӣ барои як литр харидорӣ кард, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ҳамин ҳол, як сол пеш як литри ин сӯзишворӣ 7-8 сомонӣ арзиш дошт.

Аллакай тағйирот дар нархномаҳои ширкатҳои фурӯши гази моеъ ворид гардид.

Ва ин сарфи назар аз он,ки бар асари сармои шадид ва яхбандӣ дар роҳҳо масрафи сӯзишворӣ дар мошинҳо, аз ҷумла мусофирбарҳо зиёд шудааст.

Мирзо Умаров, яке аз масъулони таъмингоҳи маводи сӯзишворӣ дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки вориди бештари ин навъ сӯзишворӣ бечунучаро ба поёнравии нарх мусоидат намудааст.

«Вақте, ки моли зиёд ба бозор арза шавад, қимати он ба таври табиӣ поён меравад. Хушбахтона ҳоло дар аксар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ (НФС) гази моеъ фаровон аст», — таъкид намуд Умаров.

Ба гуфтаи соҳибкор, сокинон аз чунин нархҳо хушнуданд, дар робита ба ин ҳаҷми муомилоти мол афзоиш ёфтааст.


Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон аз ҳама сӯзишворӣ талабот ба гази моеъ бештар аст. Талаботи шабонарӯзии Тоҷикистон ба гази моеъ 1,1 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Зиёда аз 60% тамоми мошинҳои ҷумҳурӣ бо газ ҳаракат мекунанд ва аз ин рӯ, боло рафтани нархҳо фавран ба бозор таъсир мерасонад.

Гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон, Россия, Туркманистон ва Узбекистон ворид мешавад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, моҳи ноябри соли 2022 нархи миёнаи гази моеи воридотӣ 543 доллар барои як ҳазор метри мукаабро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи октябр 10 доллар ё 1,8 фоиз камтар аст.

Нархи фурӯши чаканаи гази моеъ 12 декабри соли 2022 аз 5,30 то 5,40 сомониро барои 1 литр ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нархи пасттарин 1,90 сомонӣ ё ба андозаи 26,39 фоиз ва нархи баландтарин 1,4 сомонӣ ё ба андозаи 28 фоиз коҳиш ёфтааст (12 декабри соли 2021 нархи фурӯши чаканаи як литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 7,20 то 7,50 сомониро ташкил медод).

Дар ҳамин ҳол нархи гази табиӣ дар бисёре аз мамлакатҳои Осиё поён рафтааст, хабар медиҳад хабаргузории Reuters.

«Нархҳо дар Осиё бар асари ҳавои мулоим ва коҳиш ёфтани талабот поин мераванд»,- гуфт таҳлилгари ширкати Kpler Райҳона Расидӣ ба хабаргузории русии Прайм.

Паст шудани нарх «аломати он аст, ки мамлакатҳои Осиё ба мавсими гармидиҳӣ пешакӣ тайёрӣ дидаанд. Бо вуҷуди ин, зимистони сардтар аз муқаррарӣ метавонад боиси коҳиши босуръати захираҳо дар шароити истифодаи зиёди газ барои гармидиҳии манзил гардад»,- илова кард ӯ.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 13, 2023 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Иштирокчиёни Конфронси таърихӣ дар Ню-Йорк Барномаи амал оид ба захираҳои обро қабул карданд
ТAШAББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Ҷонибдорӣ вa тaтбиқи он рисолaти ҳaр фaрди миллaтдӯсту меҳaнпaрaст aст
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дастрасии одилона ба об, сармоягузорӣ, истеъмоли оқилонаи устувор ва мубориза бо тағйирёбии иқлим — чор самте, ки буҳрони ҷаҳонии обро метавон рафъ кард
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. СММ даъват ба амал овард, ки барои рафъи буҳрони ҷаҳонии об «тадбирҳои тағйирдиҳанда» андешида шаванд
ҶАҲОН ВА МУШКИЛОТИ МАРБУТ БА ОБ. 2 миллиард нафар умуман ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надорад
Конфронси навбатии СММ оид ба масъалаҳои об соли 2028 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт
ВАТАНРО МИСЛИ СПИТАМЕН, ТЕМУРМАЛИКУ ВОСЕЪ БОЯД ДӮСТ ДОШТ. Ҷавонон бояд бо сари баланд ба хизмати ҳарбӣ раванд!
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон дар меҳвари ташаббусҳои бузурги байналмилалӣ дар соҳаи об
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Нақши Тоҷикистон дар баргузории Конфронси оби СММ-2023 — таассуроти роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ
Фарҳод Раҳимӣ: «Дар тўли сад соли охир дар ҳудуди Тоҷикистон заминларзаҳои сахти шиддаташон зиёда аз 7,5 бал рух надодааст ва эҳтимоли ба амал омаданашон низ кам аст»