Дар Тоҷикистон таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ то 20 январ тамдид гардид

Январь 14, 2023 09:59

ДУШАНБЕ, 14.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон (муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ) новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистона то 20 январ тамдид карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар хабар доданд.

Вазорат ба таваҷҷуҳи тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он, инчунин, бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистонаи хонандагонро тамдид карда шуд.

Соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2023 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз гардид, аммо бинобар сард омадани фасли имсола таътили зимистона рӯзи 10 январ он то 16 январ тамдид шуда буд.

Бояд тазаккур дод, ки машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 20 январ оғоз мегарданд.

АКС аз бойгонӣ

Январь 14, 2023 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид