ДИҚҚАТ! СУТ огоҳ мекунад: ҳар ҳафта COVID-19 ҷони 10 ҳазор нафарро мерабояд

Январь 5, 2023 11:44

ДУШАНБЕ, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста ба пешрафтҳои чашмрас дар самти мубориза бо COVID-19 хатарҳои он ҳанӯз пурра бартараф карда нашудаанд. Дар баробари ин нобаробарии дастрасӣ ба чораҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти коронавирус низ боқӣ мемонад.

Дар ин бора дирӯз, 4 январ дар нишасти матбуотӣ дар Женева директори генералии СУТ Тедрос Гебрейесус хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин созмон.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар ҳафта аз COVID-19 даҳ ҳазор нафар мефавтанд. «Ин танҳо маълумотест, ки мо медонем. Эҳтимол рақамҳои воқеӣ хеле зиёданд»,-зикр намуд Тедрос. Ӯ иттилоъ дод, ки мизони бистаришавӣ дар беморхона низ вақтҳои охир афзоиш ёфтааст, бахусус дар нимкураи шимолӣ, ки зукоми мавсимӣ низ дар он ҷо паҳн мешавад.

Дар айни замон СУТ афзоиши бемориро дар назар дорад, на фавтнокиро, зеро воситаҳои мавҷуда аз бемориҳои шадид ва марг муҳофизат мекунанд.

Илова бар ин, ба гуфтаи Мари ван Керхове, мутахассиси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар бисёре аз кишварҳо вирусҳои дигари роҳи нафас гардиш мекунанд ва ба далели баргузории чорабиниҳои идона, ки мардуми зиёдро ҷамъ меоваранд, эҳтимоли афзоиши сироятёбӣ дучанд мешавад.

 Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

ДАР АКС: тозакунии хиёбонҳо дар Шанхай. Акс аз Unsplash/Sam Balye

Январь 5, 2023 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон