ЭҲТИЁТ: САКТАИ ДИЛ АЗ САРДӢ! Табиби қалб ба АМИТ «Ховар» доир ба сабабҳои авҷ гирифтани бемориҳои дилу рагҳо дар фасли зимистон маълумот дод

Январь 17, 2023 11:11

ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Шветсия тӯли 16 сол тадқиқоти фарогир гузаронда шуд. Олимон вазъи саломатии 280 ҳазор одамони синну соли гуногунро, ки аз таъсири обу ҳаво ба духтурони қалб муроҷиат кардаанд, омӯхтанд. Онҳо муайян карданд, ки ҳаво ҳар қадар сардтар бошад, ҳамон қадар хатари сактаи дил зиёд мешавад.

Омили ҳарорат ба се шакл тақсим карда шуд: дар зери сифр; аз +1 то +10 дараҷа; бештар аз +10 дараҷа.

Бастагӣ байни шумораи миёнаи сактаи дил ва ҳарорати миёна баҳо дода шуд. Умуман, дар давраи кор 280 873 ҳолати сактаи дил ба амал омад, ки дар 99 фоизи он таъсири обу ҳаво маълум буд.

Дар рӯзе, ки ҳарорати миёнаи шабонарӯзӣ аз 0 дараҷа паст буд, ба ҳисоби миёна 4 сактаи дил рух медиҳад.

Инчунин дар сурати шамоли сахттар соатҳои равшани рӯз кӯтоҳтар ва намии ҳаво баландтар зиёд мешавад. Натиҷаҳо дар гурӯҳҳои гуногун — ҳам дар пиронсолон ва ҳам дар одамони гирифтори гипертония ва диабети қанд ё онҳое, ки қаблан сакта доштаанд, миёна буданд.

Духтурон — кардиологҳо аксар вақт дар бораи хатари сактаи дил бар асари ҳаво сард таъкид мекугнанд.. Мудири шуъбаи эҳёгарии Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои қалби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Баҳодур Зокиров ба АМИТ «Ховар» дар бораи ин беморӣ, пайомадҳо ва роҳҳои пешгирии он изҳори назар кард.

ДАР АКС: мудири шуъбаи эҳёгарии Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои қалби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Баҳодур Зокиров

“Стенокардияи сард” (сактаи дил) — як ҳамлаи дарди дил аст, ки бо пастшавии якбораи ҳарорат ба амал меояд. Аксаран, вақте шахс дар зимистон дар сардиҳо аз ҳуҷраи гарм ба кӯча мебарояд, мушкилӣ ба амал меояд.

«Ҳарорати пасти ҳаво аксар вақт боиси сар задани бемориҳои дилу раг, бахусус бемории ишемияи дил мегардад, зеро бадани инсон хунук мешавад, ки ин боиси танг шудани рагҳо мегардад»,- гуфт Баҳодур Зокиров.

Ба гуфти ӯ, дар ҳавои сард ва шамол рагҳои канории бадан танг ва сатҳи адреналин баланд мешавад, мувозинати фишор нақз (вайрон) мегардад – таппиши дил паст шуда, хатари бемориҳои дилу раг ва гардиши хун меафзояд. Азбаски ҳавои сард ба системаи масуният таъсири манфӣ мерасонад ва роҳро барои сироятҳо мекушояд, ҳолати илтиҳобӣ ба вуҷуд омада, метавонад ба бемориҳои дилу рагҳо бурда расонад.

Дар робита ба бемории ишемикии (уруқи) дил (БИД) табиб онро беморие номид, ки ҳангоми танг ё пурра баста шудани яке аз шараёнҳои хунгарди дил ва ба мушаки дил ба таври нокифоя рафтани хуни аз оксиген ғанӣ ба амал меояд. Нишонаҳои асосии клиникии беморӣ – дарди сӯзишнок ё фишороварандаю хурӯҷкунанда дар паси устухони китф, қафаси сина, мавзеи дил, ки метавонад ба китфу дасти чап, байни шонаҳо интиқол ёбад, ҳисси норасоии ҳаво, дилбеҳузурӣ, арақкунии зиёд ва ғайра ба шумор мераванд.

Дар бисёр ҳолатҳо ба чунин мушкилот одамон пас аз гирифторӣ ба ҳаяҷони зиёд, фишори музмин ва инчунин тамокукашӣ дучор мешаванд.

Баҳодур Зокиров барои пешгирии бемориҳои дилу рагҳо ба афроди гирифтори бемории қалб дар ҳавои сард тавсия дод, ки ба саломатии худ таваҷҷуҳ кунанд. «Шахсе, ки ба кори фикрии якранг машғул шуда, кам ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул мешавад, бояд дар ҳар 2 соат дар ҳарорати муқаррарӣ дар манзил ё мавзеи кор 10-15 дақиқа сайру гашт кунад, дасту пояшро ҳаракат дода, гардиши хунро фаъол созад, то рагҳои ғайрифаъол ба кор дароянд ва фаъолтар шаванд. Дар ҳолати фаъол нагардонидани рагҳо онҳо чарбу гирифта, дар оянда ба бемории ишемикии дил ва сактаи дил оварда мерасонанд», — гуфт ӯ.

«Ҳамчун пизишки ин соҳа тавсия медиҳам, ки ҳар кас ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои аввалини бемориҳои дилу рагҳо ҳатман ба духтури мутахассис муроҷиат намуда, ёрии аввалинро дарёфт намояд», — гуфт ӯ.

Илова бар ин, ба гуфтаи табиби дилшинос, ҳар шахс бояд тарзи ҳаёти солимро пеш барад, яъне даст кашидан аз тамоку ва нӯшокиҳои спиртӣ, ҳадди ақалл кам кардани истеъмоли он, инчунин мубориза бо асабонияти шадид — имрӯз роҳҳои зиёде барои барқарор кардани оромии рӯҳ вуҷуд доранд,аз ҷумла, доруҳои оромкунанда, ки онро мутахассисон тавсия медиҳанд. Қоидаҳои парҳез ё истеъмоли ғизои солимро бояд риоя кард. Ҳар шахс бояд истеъмоли хӯрокҳои камравған, истифодаи миқдори ками намаки ошӣ ва шириниҳоро риоя намояд. Кам кардани вазни бадан асоси табобати фишорбаландӣ, бемории ишемиявии дил ва диабети қанд мебошад.

Духтури дилшинос инчунин тавсия медиҳад, ки дар рӯзҳои сард либоси гарм, рӯймол ва дастпӯшак пӯшанд.

Ва, албатта, духтур фаҳмонд, ки чӣ гуна аломатҳои бемориҳои дилу рагҳоро шинохтан мумкин аст.

«Агар ҳангоми ба хунукӣ баромадан ё баръакс, ҳангоми ба ҳуҷраи гарм ворид шудан пас аз сармо сар чарх зпнад, ҳарорати бадан боло равад, фишор мунтазам баланд ё паст шавад, дард ва нороҳатӣ дар қафаси сина ё сутунмӯҳра ба амал ояд, пас ин фурсатест, ки фавран ба духтур бояд муроҷиат кунед!» -таъкид кард ӯ.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 17, 2023 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Саҳми забони тоҷикӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон соли 2028 мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мегардад
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Инро метавон «Ташаббуси наҷотбахши башар» номид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон пуштибонии доимиро аз татбиқи Рӯзномаи 2030 барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор идома медиҳад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад»
Президенти Тоҷикистон: «Тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад»
РӮДАКӢ-СОҲИБҚИРОНИ ШОИРӢ. Васфи шеъри Рӯдакӣ аз асрҳои миёна то ба асри нав
БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият
Эмомалӣ Раҳмон: «Ормону орзуи ҳар шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида метавонад»