Моҳи феврал дар ноҳияи Рӯшон калонтарин гармхона ба истифода дода мешавад

Январь 15, 2023 09:28

ДУШАНБЕ, 15.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи феврали соли равон дар ноҳияи Рӯшон калонтарин гармхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳамдам Давлатмамадов бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати шиносоӣ аз рафти сохтмони гармхонаи мазкур ва раванди корҳои бунёдӣ дар биноҳои ҷашнӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикисон Насрулло Маҳмудзода аз ноҳияи Рӯшон боздид намуданд.

Дар Рӯшон сокинон ба бунёд намудани гармхонаҳо шуғл пайдо намуда, рӯз аз рӯз дар ноҳия теъдоди гармхонаҳо зиёд мешаванд.

Корҳои сохмтонӣ калонтарин гармхона аз моҳи октябри соли 2022 шурӯъ гардида, тибқи нақша моҳи феврали соли равон ба анҷом мерасанд. Баъди ба анҷом расонидани корҳои васлкунии гармхона, 24 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Ҷиҳати зиёд намудани чунин гармхонаҳо дар дигар ноҳияҳои вилоят ба соҳибкор дастуру тавсияҳо дода шуданд.

Акс: МИҲД ВМКБ

Январь 15, 2023 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад