Муовини раиси Шӯрои байниҳукуматии ИДМ Иван Кузмин бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 24 декабри соли 2022 барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои тухмипарварӣ Иван Кузмин бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар доданд.
Ба ин муносибат 18 январ дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия маросими тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Сафири ҶТ дар ФР Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Иван Кузмин мукофоти давлатии Тоҷикистонро тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таваҷҷуҳи раҳбарони бахши кишоварзии кишварро ба сифати тухмӣ ҷалб карда буданд.
«Сифати тухмӣ яке аз талаботи асосии агротехникӣ мебошад, ки ҳосили баланд ва устувори зироатро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, омӯзиши маводи тухмӣ аз ҷониби Академияи илмҳои кишоварзии кишвар хеле муҳим аст, зеро ҳосили баланд аз тухмии солим маншаъ мегирад», — таъкид намуданд Пешвои миллат.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Россия








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд






