Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 04.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе»-ро эълон намудааст, ки барои ҷойҳои аввали он 10 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм — 7 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм- 5 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ба зикри сардори шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов, дар озмун ғолибон аз рӯи се гурӯҳ (телевизион, радио ва матбуот) муайян карда мешаванд. Озмуни мазкур дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, бо мақсади ҷалби намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси дастовардҳои пойтахти мамлакат роҳандозӣ шудааст.
«Довталабон метавонанд маводи худро ба суроғаи шаҳри Душанбе, х.Рӯдакӣ 40, шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ирсол намоянд»,- илова кард Ҷамшед Олимов.
Тибқи талаботи низомномаи озмун, дар он танҳо намояндагони ВАО-и давлатие, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд, иштирок карда метавонанд.
Барои иштирок дар озмун довталаб бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
— дархост барои иштирок дар озмун;
— нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ;
— маълумотнома оид ба суроғаи ҷойгиршавӣ;
— пешниҳоди мавод дар бораи дастовардҳои шаҳри Душанбе
(дар флэшкорт);
Барномаи телевизионӣ ва радиоӣ на кам аз 20 дақиқа ва на беш аз 35 дақиқа ва мақола дар ҳаҷми на кам аз 3 саҳифа (саҳифаи рӯзнома) ва дар он дастовардҳою рушди соҳаҳои гуногуни пойтахт ва саҳми Раиси шаҳр дар ободу зебо гардидани шаҳри Душанбе возеҳу равшан инъикос ёфта бошад;
Муҳлати охири қабули барномаҳо то 10 январи соли 2023 мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






