«ПАЁМ-РАҲНАМОИ МОСТ». Вакилони мардумӣ ба сокинони шаҳри Истаравшан дастури муҳимро тавзеҳ доданд
СУҒД, 04.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 январ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Паём-роҳнамои мост!» бо фаъолони шаҳр мулоқот баргузор шуд. Дар ин бора ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМ дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода доир ба самтҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша карда, татбиқи амалии онро ҷиҳати таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, рушди илму маориф, иқтисоди мамлакат, механизми расидан ба ҳадафҳои дарпешистода, масъулиятшиносии ҷавонон ва вазифаҳо барои панҷ соли оянда муҳим арзёбӣ намуд.
Дар мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Умарзода ва Муҷибахон Ҷавҳарӣ иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати роҳнамо ва дастури созандаест, ки сокинони сарбаланди мамлакатро ба сӯйи музаффарият ва зиндагии шоиста ҳидоят менамояд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҷибахон Ҷавҳарӣ зимни ташреҳи нуктаҳои муҳими Паёми Сарвари давлат иброз дошт, ки “Паёми навбатӣ, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат буда, ҳуҷҷати муҳим ва роҳнамои зиндагии ҳар фарди кишвар ба ҳисоб меравад. Бо ёдоварӣ аз нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба вазъи мураккаби ҷаҳон дар соли 2022 дар Тоҷикистон соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушд намуда, дастовардҳо афзун гардиданд”.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд






