ПАЁМ – РОҲНАМОИ РӮЗГОРИ НЕК. Нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба интихобкунандагони Тоҷикистон расонида шуданд

Январь 7, 2023 10:25

ДУШАНБЕ, 07.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон вохӯрда, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, тафсир намуда истодаанд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат бо иштироки 355 нафар сокинон вохӯрии судманд доир шуд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Раъно Бобоҷониён, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён ва муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода роҷеъ ба амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло рафтани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, соҳаи маориф, зан ва ҷомеа, аз ҷумла оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳифзи оромӣ ва осудагии кишвар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва дигар паҳлуҳои Паём сухан гуфтанд.

Инчунин дар доираи амали дастури мазкур вакил аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Сомонӣ, №8, раиси Комиссияи экологӣ, узви кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, раиси кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ва раиси кумита оид ба масъалаҳои энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон Амонулло Хайрулло дар Гимназия-парваришгоҳи ба номи Б. Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ бо аҳли ҷамоати деҳоти Зайнабобод, шаҳраки М. Турсунзода ва ҷамоаи меҳнатии МҒТ Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ-аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нури тиб» вохӯрӣ карданд.

Зимни мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагон доир ба масъалаҳои ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани робитаи зичи волидайн бо омӯзгорон дар раванди таълиму тадрис, истифодаи мақсадноки шабакаҳои интернетӣ аз ҷониби ҷавонону наврасон, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъват ва ихтиёран сафарбаркунии онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, мусоидат дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила муаррифии кишвар ба оламиён, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми занон дар ҷомеа, ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбарияти Тоҷикистон дар ҳалли масоили обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, инчунин мусоидат дар рушди соҳаи саноати мамлакат ва дигар масъалаҳои марбут ба беҳсозии шароити зисти аҳолӣ суҳбатҳои самимиву судманд анҷом доданд.

Дар идомаи вохӯрӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён№27 Муҳаммад Шодиён дар якҷоягӣ бо муовини Раиси ноҳия Нурмаҳмад Қаҳҳорзода ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Миҷгона Ҳакимзода бо фаъолон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия мулоқот намуданд.

Муҳаммад Шодиён иброз намуд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус, ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем.

Солҳои охир бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд.

Таъкид гардид, ки барои боз ҳам ба дастовардҳои бузург ноил гардидан бояд соли равон меҳнати софдилона намуда, барои рушди босуботи кишвари азизамон саҳми арзанда гузорем.

Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯриҳо вакилони Маҷлиси намояндагон Солеҳа Холмаҳмадзода, Музаффар Маҳмудзода ва Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ба аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Навобод, Пахтаобод ва «10-солагии Истиқлолият» нуқтаҳои муҳими Паёми пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ доданд.

Зикр шуд, ки масъалаҳои вобаста ба мактабу маориф дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор доранд.

Ҳамчунин бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва Музаффар Маҳмудзода бо аҳолии ҷамоатҳои деҳоти ба номи Турсун Туйчиев, Регар ва Работ вохӯрӣ намуданд.

Зикр гардид, ки дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Сарвари давлат дар Паёми хеш иброз доштанд, ки сарфи назар аз таҳавуллоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодии Тоҷикистон ҳамасола 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард расид.

 Акс: МН МО ҶТ

Январь 7, 2023 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ– ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Ҳамовозӣ ба Соли маърифати экологӣ эълон шудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе