«Сомон Эйр» аз ширкати «Omnipol» ҳавопаймоҳои L-410 дастрас менамояд
ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «СомонЭйр» тасмим гирифтааст, ки дар ояна аз ширкати «Omnipol» ҳавопаймоҳои L-410 дастрас намояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Дар робита ба ин дар Душанбе музокироти ҳайати роҳбарикунандаи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва ҳайати ширкати «Omnipol»-и Ҷумҳурии Чех доир карда шуд.
Зимни он намояндагони ширкати «Omnipol», ки молики корхонаи Aircraft Industries – истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои L-410 мебошад, ҳавопаймоҳои навъи NG ва UVP-E20-ро муаррифӣ намуданд. Ҳавопаймои мазкур барои ширкатҳои ҳавопаймоии тиҷоратӣ тарҳрезӣ шуда, ба ҷуз мусофиркашонӣ онро метавон ҳамчун техникаи боркашонӣ низ истифода кард.
Ҳавопаймои L-410 NG аз ҷониби Агентии аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ сертификатсия шуда, охирин модификатсияи ҳавопаймоҳои L-410 мебошад. Ҳавопаймои навсозишуда хусусияти беҳтаршудаи парвозиву истифодаро доро буда, бо технологияҳои пешрафта ва авионикаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Дар интиҳои муаррифӣ масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд. Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба ҳавопаймоҳои муаррифишуда мароқ зоҳир намуда, зарурати гузаронидани таҳлили марбутаро барои харидории якчанд ҳавопаймо иброз дошт. Ҷонибҳо ҳамзамон ба хулосае омаданд, ки бо қабули пешниҳоди тиҷоратӣ аз корхонаи истеҳсолкунанда музокиротро идома диҳанд.
Omnipol Holding — гурӯҳи тиҷоратии сармоягузориест, ки ба он ширкатҳои соҳаи кайҳонии Чехия шомил мебошанд. Ҳавопаймои L-410 дар охири солҳои 1960 тарҳрезӣ шуда, тавассути он метавон 19 нафар мусофиронро дар хатсайрҳои маҳаллӣ интиқол дод. Ҳавопаймо барои алоқаи байни марказ ва навоҳии дурдаст, ҳамзамон эҳтиёҷоти авиатсияи тиббӣ истифода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар айни замон парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон анҷом медиҳад.
Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 иборат мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд






