ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 12 январ, панҷшанбе, 12-умин рӯзи соли 2023 аст

Январь 12, 2023 08:00

12 январи соли 2016 дар шаҳри Душанбе дар Қасри миллат зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф маҷмӯи васеи масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.

***

 12 январи соли  2009 ВАО хабар доданд, ки бино ба маълумоти расмӣ, соли 2008  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 470 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд.

 

12 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Россия — Рӯзи прокуратура.

***

 Дар Танзания – Рӯзи инқилоби Занзибарӣ.

***

Дар Туркманистон – Рӯзи хотирот.

***

Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии ҷавонон.

РӮЙДОДҲО:

12 январи соли 2012 Ассотсиатсияи «Клуби иқтисодии олимони Авруосиё» дар сомонаи www.group-global.org шабакаи зеҳниро дар формати сомонаи муоширатии G-Global фаъол намуд.

***

12 январи соли 2016 ҳамлагари аргентинагии дастаи «Барселона»-и Испания Лионел Мессӣ барандаи «Тӯби тиллоӣ»-и Федератсияи байналмилалии футбол гардид. Маросими супоридани ҷоизаи «Беҳтарин футболбози соли 2015» ҳангоми шабнишинии калон дар шаҳри Сюрихи  Швейтсария баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 1999 барои нархи  тӯби бейсбол рекорд гузошта шуд — он дар музоядаи Ню-Йорк бо арзиши 3 миллиону 54 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта шуд.

Январь 12, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш