Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд таҷдиди роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 10.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд таҷдид ва барқарорсозии роҳи мошингарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстиро баррасӣ карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.
Масъалаи мазкурро 9 январ Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки исломии рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва ҳайати Бонки Исломии Рушд таҳти роҳбарии Эмре Эсер баррасӣ карданд.
Завқӣ Завқизода иброз дошт, ки роҳи мошингарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ як ҷузъи шоҳроҳи байналмилалӣ буда, барои баромадан ба роҳҳои кишварҳои хориҷӣ шароити хуб фароҳам меоварад.
«Роҳи мазкур аҳаммияти калони иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои густариши мусофиркашонию боркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ, рушди сайёҳӣ, паст намудани нархи молу маҳсулот ва хизматрасониҳои нақлиётӣ мусоидат менамояд», — тазаккур дод Вазири рушди иқтисод ва савдо.
Дар идома ӯ зикр кард, ки ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд сол то сол рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромад.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ масъалаҳои маблағгузорӣ ба дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






