Дар Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон мутахассисони дорусоз-гиёҳшинос омода карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 03.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон тасмим гирифта шудааст, ки аз рӯи ихтисосҳои «Истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва арзёбии кадастрӣ» ва шуъбаи «Фармакология» самти нав ифтитоҳ намоянд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Файзулло Машрабӣ иттилоъ дод.
Донишҷӯён тибқи меъёрҳои Русия таълим мегиранд. Таҷҳизот барои шуъба аз Федератсияи Русия дастрас карда мешавад.
«Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои Маркази миллии тестӣ омода шуда, аз соли 2024 аллакай ихтисос ба барномаи он ворид карда мешавад. Донишгоҳи мо заминаи зарурӣ дорад, дар назди кафедраи «Кимиё ва биология» озмоишгоҳҳои махсус мавҷуданд, дар он ҷо профессороне кор мекунанд, ки ба фаъолият дар кафедраи мазкур ҷалб карда мешаванд. Мувофиқи барномаи рушд мо ҳар нимсола аз Федератсияи Русия 4 мутахассисро барои таълими фанҳои дақиқ ҷалб мекунем», — таъкид намуд ректори донишгоҳ.
Ба иттилои манбаъ, соли 2022 шумораи умумии омӯзгорону кормандони донишгоҳ 702 нафар ва омӯзгорону кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии «Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон» дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб 108 нафар (ҳамагӣ 810 нафар) буд. Шумораи умумии муаллимони ҷавони доимии то 35-сола 96 нафар ва аз 63-сола боло 66 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи муаллимони дорои унвони илмӣ, аз ҷумла омӯзгорони то 35 — сола — 22 нафар, аз 63-сола боло — 57 нафарро ташкил медиҳад.
Дар айни замон бо донишгоҳҳои пешрафтаи Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, кишварҳои Аврупо зиёда аз 180 шартномаву созишномаҳо баста шудаанд. Солҳои 2021-2022 бо донишгоҳҳои Федератсияи Русия, Узбекистон, Чин ва Қазоқистон 10 шартнома ба имзо расидааст.
Дар соли таҳсили 2022-2023 шумораи умумии донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳ 288 нафарро аз 11 кишвари ҷаҳон ташкил медиҳад. Инҳо Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Лаҳистон, Ҷумҳурии Корея, Федератсияи Русия, Туркманистон, Узбекистон ва Украина мебошанд. Дар шуъбаи рӯзона 135 ва дар шуъбаи ғоибона 153 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад






