Дар Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия беш аз 160 нафар соҳибкорони рус иштирок мекунанд

Февраль 15, 2023 09:09

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия, ки оғози моҳи март дар Душанбе баргузор мегардад, беш аз 160 соҳибкори рус иштирок намоянд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода 14 феврал дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе иттилоъ дод.

Мавсуф иброз дошт, ки баргузории Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия бо мақсади тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди байнидавлатӣ дар доираи сафари Сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Федератсияи Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, тибқи омори расмӣ, соли 2022 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 26,4 миллион сармояи русӣ ворид гардидааст. Инчунин дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи Русия даҳҳо корхонаҳои муштараки саноатӣ, инфрасохтори гуногун, бахусус муассисаҳои таълимӣ бунёд гардидаанд.

Саъдӣ Қодирзода афзуд, ки дар доираи Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия доираҳои тиҷоратию соҳибкории ду давлат масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамкории марбут ба рушди тиҷорат ва сармоягузориро матраҳ менамоянд.

Инчунин мулоқоти доираҳои соҳбкории Тоҷикистон ва Русия дар сиғаи B2B (cоҳибкор бо соҳибкор) баргузор гардида, ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 15, 2023 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад