ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РОҲБАЛАДОН. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои намояндагони қариб 70 давлати ҷаҳон сайрҳои осорхонавӣ гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ барои беш аз 17 ҳазор нафар тамошобини дохилию хориҷӣ зиёда аз ду ҳазор сайри осорхонавӣ ташкил гардид, ки аз он 1022 сайр дохилӣ ва 999 сайр хориҷӣ буда, шумораи тамошобинони дохилӣ қариб чордаҳ ҳазор нафар ва тамошобинони хориҷӣ беш аз 3,2 ҳазор нафарро ташкил дод. Ин маълумотро ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев 21 феврал — дар Рӯзи байналмилалии роҳбаладон иброз дошт.
Бояд тазаккур дод, ки соли 1985 аввалин Конвенсияи байналмилалии гидҳо баргузор гардид, ки дар он Федератсияи ҷаҳонии ассотсиатсияҳои роҳбаладон (WFTGA) таъсис дода шуд. Маҳз ҳамин созмон идеяи таъсис ва таҷлили Рӯзи байналмилаии роҳбаладонро ба роҳ монд. Ин аст, ки шурӯъ аз соли 1990 21 феврал Рӯзи ҷаҳонии роҳбаладон ҳисобида мешавад.
Фариддун Кенҷаев гуфт, ки роҳбаладон мутахассисоне мебошанд, ки сайрҳо (экскурсияҳо) доир менамоянд. Зимнан онҳо метавонанд дар осорхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ фаъолият намоянд, дар толорҳои намоишии осорхонаҳо, намоишгоҳҳо, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, иншооти меъморӣ, парваришгоҳҳо, мамнӯъгоҳҳо, боғҳои ҳайвонот ва боғҳои ботаникӣ сайрҳо баргузор кунанд.
Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» ба фаъолияти экскурсионӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, он ифодагари тамоми паҳлуҳои кори осорхонавӣ мебошад.
Фариддун Кенҷаев иброз намуд, ки дар рушди фаъолияти экскурсионии Осорхонаи миллӣ сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ дорад. Зеро бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Президенти мамлакат 20 марти соли 2013 бинои нави муҳташами Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ гардида, барои кормандон, алалхусус роҳбаладон баҳри иҷрои уҳдадории вазифавӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла, дар Осорхонаи миллӣ шуъбаи экскурсионӣ ва оммавӣ фаъолият менамояд, ки вазифаи аввалиндараҷаи кормандони он баргузор намудани сайрҳои
осорхонавӣ мебошад. Дар ин самт кормандони шуъбаҳои экспозитсионӣ ва ғайриэкспозитсионӣ саҳми назаррас доранд.
Дар зарфи даҳ соли фаъолияти бинои нави Осорхонаи миллӣ фаъолияти экскурсионии он беҳтар гардида, дар ин самт комёбиҳои назаррас ба даст омаданд. Пеш аз ҳама, шумораи ташрифи меҳмонону тамошобинон ба муассиса афзоиш ёфта, дар ин муддат даҳҳо гурӯҳи меҳмонони расмиву сатҳи давлатӣ, аз қабили президентҳо, сарвазирон, вазирон, раисони ташкилоти байналмилаливу минтақавӣ, сайёҳон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ боздид намуда, бо осори дирӯзу дастовардҳои имрӯзи миллати тоҷик шинос гардиданд.
Баҳри дар сатҳи шоиста муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги миллати тоҷик ба меҳмонону сайёҳонӣ хориҷӣ дар Осорхонаи миллӣ сайрҳои осорхонавӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, ҳиндӣ ва урду ба роҳ монда шуда, барои намояндагони зиёда аз 68 давлати ҷаҳон сайрҳои осорхонавӣ гузаронида шуданд.
Соли 2020 Осорхонаи миллӣ байни осорхонаҳои давлатҳои Осиёи Миёна нахустин шуда, ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва чинӣ сайрҳои маҷозӣ роҳандозӣ намуд, ки беш аз 100 ҳазор тамошобинони ватаниву хориҷӣ аз таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик воқиф гардиданд.
Дар замони муосир осорхонаҳои пешсафи ҷаҳон дар радифи сайрҳои маъмулӣ ва маҷозӣ инчунин онро тариқи пахши мустақим баргузор менамоянд, ки ин ба манфиати кор аст. Дар ин самт низ 26 июли соли 2021 Осорхонаи миллӣ бори нахуст сайри осорхонавиро ба тариқи пахши мустақим баргузор намуд. Дар экскурсия як гурӯҳ донишҷӯёни бахши забони тоҷикӣ аз Америка тариқи пахши мустақим аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ, ки аз ҷониби роҳбалад муаррифӣ гардиданд, дидан карданд. Ба тариқи пахши мустақим баргузор намудани сайри осорхонавӣ дар таърихи фаъолияти осорхонаҳои мамлакат ва минтақа назир надошта, яке аз бузургтарин дастоварди фаъолияти экскурсионии Осорхонаи миллӣ мебошад.
Роҳбаладони Осорхонаи миллӣ дар муаррифии таърих, фарҳанг, осори ниёгони миллати тоҷик ва ташаккули фарҳанги аҳли ҷомеа, инчунин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавӣ нақши муассир доранд, зеро муҳити осорхона, робитаи мустақим бо маводи таърихӣ, мероси фарҳангии наслҳои қаблӣ дорои иқтидори бузурги тарбиявӣ ва маърифатӣ мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад
Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 18 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд
ФАРҲАНГ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе аҳли фарҳангу ҳунар қадрдонӣ гардиданд
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст
Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ доир мешавад
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Таҳкими худшиносии ҷавонон тавассути тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановати миллӣ амали омӯзанда аст






