НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб 7 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 73 ҷойи нави кор ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 08.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 ва дар натиҷаи чораҳои амалигардида то 1 январи соли 2023 дар шаҳри Кўлоб 7 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла ҶДММ «Махсус» ва ҶДММ «Мелиоратор»- корхонаҳои коркарди сангу шағал, ҶДММ «Мадазим»- корхонаи истеҳсоли маҳсулот аз филизот, ҶДММ «Оби навруша»- истеҳсоли сафолаку хишти сементӣ, ҶДММ «Марямбибӣ»- истеҳсоли хишти сементӣ, ҶДММ «Истеҳсоли гӯшти мурғи Кӯлоб» ва ҶДММ «Тоҷик Алмос» — истеҳсоли филтрҳои равғанӣ ва ҳавоӣ барои мошинҳо ба истифода дода шуданд. Дар ин замина 73 ҷойи нави кор таъсис ёфт, иброз дошт Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода 7 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ҶДММ «Комбинати хонасозӣ»-и шаҳри Кӯлоб 3 коргоҳи нав барои истеҳсоли сафолак, хишти сабук ва сангҳои ороишӣ, дар ҶДММ «Сувайба-2014» коргоҳи парвариши мурғи гӯштӣ, дар ҶДММ «Хуршед-Н» коргоҳи истеҳсоли сангу шағал мавриби баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 нақшаи андозҳои давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб 116 фоиз иҷро ва ба буҷет 127,3 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 17,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 810,0 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 32,1 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 104,1 фоизро ташкил дод.
«Дар соли сипаришуда ба соҳаи маориф барои фаъолияти самаранок аз маблағҳои қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 94,9 миллион сомонӣ равона гардид»,- баён шуд дар нишаст.
АКС аз бойгонӣ








Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид






