Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид
Дар оғози суҳбат дар робита ба офати табиии фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон сарвари кишвари ҳамсоя таъзия ва таслияти самимии ҷониби Узбекистонро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва мардуми Тоҷикистон изҳор намуданд.
Дар идомаи суҳбат сарони ду давлат атрофи масъалаҳои рӯзмараи минтақавӣ, бахусус мушкилоти тағйирёбии иқлим ва роҳҳои пешгирӣ аз таъсири оқибатҳои он ба муҳити зист мубодилаи афкор анҷом доданд.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Ваагн Хачатурян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд






