Соли 2022 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 47 миллион сомонӣ манзили истиқоматӣ ва дигар иншоот бунёд карда шуд

Февраль 15, 2023 18:49

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ соли сипаригардида 40 596 метри мурббаъ манзили истиқоматӣ ва дигар иншооти таъйиноташон гуногун, аз ҷумла муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, биноҳои маъмурӣ ба маблағи беш аз 47 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Имрӯз зимни натиҷагирӣ аз рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия ба доираи васеи хабарнигорон гуфта шуд, ки «соли гузашта нақшаи буҷети ноҳия аз рӯи контингент беш аз 201 миллион сомонӣ ё 109 фоиз иҷро гардид, ки нисбат ба нақша 16 миллион сомонӣ зиёд аст. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар ин давра зиёда аз 176 миллион сомонӣ иҷро шуда, 109,2 фоизи нақшаро фаро мегирад, ки аз нақшаи пешбинигардида қариб 15 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин соли гузашта бақияпулиҳои андоз қариб 4 миллион сомониро ташкил намуд, ки дар қиёс ба соли 2021 593 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба моҳи январи соли равон 185 ҳазор сомонӣ кам гардидааст».

Таъкид карда шуд, ки ба таъхир мондани пардохти нақди музди меҳнат ва андози иҷтимоии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия дар соли гузашта вуҷуд надорад.

Ҳамзамон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ доир ба дигар соҳаҳои афзалиятноки ноҳия, аз ҷумла, саноат ва энергетика, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва алоқа, кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш, дар маҷмӯъ рушди иқтисодиёти ноҳияи Рӯдакӣ гузориш дода шуда, ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух гуфта шуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 15, 2023 18:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд