Соли 2022 яке аз солҳои рекордии болоравии нархҳои озуқа дар ҷаҳон гардид
ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта тибқи маълумоти Созмони озуқавории ҷаҳонӣ (ФАО) (Созмони кишоварзии СММ), дар ҷаҳон афзоиши рекордии қимати маводи ғизоӣ мушоҳида шуд. Дар охири соли 2022 арзиши миёнаи индекси нархҳои озуқавории СОҶ (ФАО) 143,7 бандро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 ҳамагӣ 18 банд зиёд аст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба Finprom.kz хабар додааст.
Номгӯи нархҳои озуқавории СОҶ (ФАО) тағйироти ҳармоҳа ва солонаро инъикос мекунад. Рақамҳои соли 2022 баландтарин аз оғози ҷамъоварии маълумот (яъне аз соли 1990) буданд, зеро дар моҳҳои аввал нишондиҳандаҳои рекордӣ сабт шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар моҳи декабри соли 2022 арзиши миёнаи номгӯи нархҳои озуқавории СОҶ 132,4 бандро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи ноябр 2,6 банд камтар аст. Коҳишёбӣ дар моҳи апрели соли 2022 ҳангоми номгӯи нархҳо 158,4 бандро ташкил медод (дар моҳи март — 159,7 банд) оғоз шуда буд. Пастшавии номгӯи нархҳо ба якбора поин рафтани нархи равғани растанӣ дар ҷаҳон вобаста аст.
Дар байни категорияҳои асосии озуқа дар моҳи декабри соли 2022 рӯйхати аз ҳама бештари ғалладонагиҳо- 147,3 балл ба қайд гирифта шудааст. Ин назар ба моҳи ноябр 2,9 банд камтар, аммо нисбат ба моҳи декабри соли 2021 6,8 банд бештар аст. Мутахассисон мегӯянд, ки вазъи фурӯши ғалладона дар моҳи декабр пас аз мавсими ҷамъоварии ғалладонагӣ бинобар афзоиши рақобат байни содиркунандагон, ки дар ниҳоят ба поин рафтани нархи гандум оварда расонид, беҳтар гардид.
Рӯйхати нархи равғани растанӣ 144,4 бандро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи ноябр 10,3 банд ва нисбат ба моҳи декабри соли 2021 34,1 банд камтар аст. Коҳишёбии андозаи индекс ба коҳиши нархҳои равғани нахл, лӯбиёӣ, маъсар ва офтобпараст иртибот дорад.
АКС аз манбаъҳои боз








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






