«Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе барқарор намуд

Февраль 9, 2023 14:31

ДУШАНБЕ, 09.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» шурӯъ аз 8 феврал баъд аз се соли танаффус парвозҳоро дар масири Душанбе-Урумчӣ-Душанбе барқарор намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад.

Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе тариқи ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 сурат мегиранд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 12:00, аз Урумчӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шуда, давомнокии парвоз дуюним соатро ташкил медиҳад. Шурӯъ аз нимаи аввали моҳи март ширкати ҳавопаймоӣ аз Душанбе ба Урумчӣ ҳафтае ду маротиба парвоз хоҳад кард.

Инчунин «Сомон Эйр» шумораи парвозҳоро аз Душанбе ба Новосибирск афзоиш додааст. Аз 5 феврал парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Новосибирск-Душанбе ҳафтае ду маротиба- рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе амалӣ мегарданд. Рӯзҳои чоршанбе вақти парвоз аз Душанбе 18:00, аз Новосибирск 00:50 (шаби панҷшанбе), рӯзҳои якшанбе парвоз аз фурудгоҳи Душанбе соати 12:00 ва баргашт соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Давомнокии парвоз 3 соат буда, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 анҷом дода мешаванд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар айни замон парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 9, 2023 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Раиси вилояти Гулистони Эрон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Сармоягузорони Эрон бо имконоти истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
Таҳияи Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи глобалии амали гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ сохта мешавад