СУПОРИШИ ПРЕЗИДЕНТ. Дар низоми биллингӣ масъалаи изофанависии неруи барқ ғайриимкон аст

Февраль 6, 2023 10:10

ДУШАНБЕ, 06.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ҷамъияти саҳомии «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта вазифадор гардида, барои татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҷорӣ намудани низоми биллингӣ чораҷӯӣ менамоянд.

Роҳбари техникии филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Душанбе» Парвиз Қутбиддинов зимни суҳбат ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки ҷорӣ намудани низоми биллингӣ яке аз омилҳои кам кардани талафоти неруи барқ ба ҳисоб меравад.

«Бо гузаштан ба низоми нави биллингӣ барои муштариён баъзе навигариҳо аллакай ба амал омаданд. Яке аз афзалияти ин низом дар он аст, ки омилҳои инсонӣ байни муштарӣ ва назоратчиҳои фурӯши барқ ба таври автоматӣ аз байн мераванд. Минбаъд дар тамоми телефонҳои муштариҳо ба тариқи смс-паёмакҳо таърихи қарз, ҳолати воқеии истифодаи неруи барқ ба таври паёмак ирсол карда шуда, худи система бо қарздор шудани муштарӣ ба таври автоматӣ хати интиқоли барқи ӯро хомӯш менамояд», — изҳор дошт ӯ.

Дар айни замон аз тарафи лоиҳа барои мавриди амал қарор гирифтани низоми биллингӣ дар самти иваз намудани ҳисобкунакҳои барқии электронӣ ба ҳисобкунакҳои барқии электронии муосир як қисмати зиёди таҷҳизоти барқӣ ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ иваз карда шуд.

Мавриди тазаккур аст, ки системаи энергетикии шаҳри Душанбе ниҳоят мураккаб буда, яке аз шабакаҳои калонтарини барқ дар шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Дар айни замон дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 40 зеристгоҳи барқии 110 35 кВт мавриди амал қарор доранд ва таъминоти барқи шаҳри Душанбе тавассути ҳамин зеристгоҳҳои баландшиддат ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ин зиёда аз 2856 адад истгоҳҳои трансформаторҳо, ки худи шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанберо бо барқ таъмин мекунанд, ба тавозуни Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Душанбе дохил шудаанд.

Ба иттилои Парвиз Қутбиддинов, соли 2023 аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ», алалхусус филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе» дар 3 ноҳияи шаҳри Душанбе: Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур аллакай корҳои лоиҳакашӣ оид ба гузаштан ба лоиҳаи низоми биллингӣ иҷро шуда, дар назар аст, ки имсол ноҳияи Фирдавсии пойтахт пурра ба ин низом гузаронида шавад.


Дар айни замон дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе амалишавии низоми биллингӣ мавриди амал қарор дорад. Дар ҳамин замина аллакай зиёда аз 105 ҳазор ҳисобкунакҳои электроникаи интеллектуалӣ насб карда шудаанд.

Бояд гуфт, ки чандест дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар мавриди изофанависӣ ва ногаҳон қатъ шудани неруи барқ дар хонаҳои истиқоматияшон изҳори нигаронӣ менамоянд. Ба андешаи онҳо гӯё сабаби он- низоми нави биллингӣ бошад, ки то ҳол ба низоми кори он одат накардаанд.

Ба андешаи Парвиз Қутбиддинов, низоми биллингӣ низоми наву муосирест, ки бо гузаштан ба он дар системаи ҳисоби неруи барқ дигар омилҳои инсонӣ аз байн мераванд ва барнома аллакай амалиёти худро ба таври автоматӣ мегузаронад.

«Дар низоми биллингӣ масъалаи изофанависии неруи барқ умуман ғайриимкон аст. Зеро омилҳои инсонӣ ба таври авоматӣ аз байн мераванд. Шахсон ва кормандон ба он тамоман дахолат карда наметавонанд. Вақте ки смс-паёмак ба рақами телефони муштарӣ ворид мешавад, аллакай тамоми таърихи пардохти қарз, рӯзу соат муайя мегардад. Дар ҳолати қарздор шудан ва напардохтани ҳаққи барқи истифодашуда се рӯз қабл паёмакҳо на як маротиба, балки 2-3 маротиба, такрор ба такрор ворид мегарданд. Ба ин васила муштарӣ муваззаф мешавад, ки дар ҳамон ҳолати муқарраргардида сари вақт ҳаққи барқи истифодашудаи хонаашро дар дилхоҳ пост-терминал бурда супорад. Дар ҳолати сари вақт напардохан ва гузаштани муҳлати пардохти қарз барнома ба таври автоматӣ муштариро аз хатти интиқоли барқ хомӯш мекунад. Ва яке аз бартарияти дигари система дар он аст, ки бо пардохти қарз он дубора ба таври автоматӣ фаъол карда мешавад», — гуфт ӯ.

Ҳадафи асосии ҷорӣ намудани низом- ин аз байн бурдани омилҳои инсонӣ, паст намудани талафоти техникӣ, технологӣ ва тиҷоратии неруи барқ, инчунин баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар ин радиф ва шаффофияти таърихи истифодаю қарзи неруи барқ аз ҷониби муштарӣ мебошад. Зеро ба гуфтаи мутахассисон, дар дилхоҳ вақт муштарӣ метавонад тариқи барнома аз таърихи қарзи худ огоҳ гардад.

Ба иттилои масъулини ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», муштариён бояд ба ин система ҳарчӣ зудтар мутобиқ шаванд ва сокинонро мебояд масъалаи пардохти ҳаққи қувваи барқи истифодашударо сари вақт ба роҳ монанд.

Бояд гуфт, ки дар системаи энергетикии Тоҷикистон аввалин лоиҳае, ки тибқи он низоми биллингӣ мавриди амал қарор гирифт, дар шаҳри Хуҷанд буд. Ва он системае, ки дар ноҳияи Синои пойтахт амалӣ карда мешавад, низоми муосиртар аст.

Бино ба иттилои Парвиз Қутбиддинов, зимни татбиқи ин низом талафоти неруи барқ аллакай кам шудааст. «Бинобар ин ба нақша гирифта шудааст, ки низоми биллингӣ солҳои 2023-2025 дар се ноҳияи ҳудуди шаҳри Душанбе дар низоми пурра мавриди амал қарор гирифта, тибқи маълумот, дар 6 шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ системаи биллингӣ мавриди амал қарор гирад. Дар ин самт аллакай корҳои лоиҳакашӣ оғоз гардидаанд», — иттилоъ дод мавсуф.

Мутахассисони соҳа бар он андешаанд, ки дар тамоми давлатҳои пешрафтаи дунё ин низом мавриди амал қарор дорад. Маҳз таҷрибаи пешрафтаи ин давлатҳо ва натиҷаҳои назарраси системаи энергетикии онҳо Тоҷикистонро водор сохт, ки ба ин система гузарад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Февраль 6, 2023 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛОҶИ ВОҚЕА ҚАБЛ АЗ ВУҚУЪ. Дар беш аз 30 ҳазор гектар замини вилояти Хатлон хуруҷи малах сабт шудааст
«ТОҶИКИСТОН-2024». Пагоҳ дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон нақшаи кишти пахта 90 фоиз иҷро гардид
Масъалаи рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон дар Риёз баррасӣ гардид
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Узбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) мулоқот намуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад
Силсилавохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд баргузор шуданд
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Риёз бо Роҳбари ITFC мулоқот анҷом дод
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар Риёз иштирок намуд
Одил Рено-Бассо: «Ҳамкории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Тоҷикистонро метавон ҳамчун ҳамкории шарикӣ арзёбӣ намуд»