ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 феврал, чоршанбе, рӯзи 32-юми соли 2023 аст

Февраль 1, 2023 08:00

1 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаҳои қаблӣ ба шиносномаи биометрӣ иваз  карда шуд.

1 ФЕВРАЛ:

 Дар ШМА – Рӯзи миллии озодӣ.

***

Дар Алҷазоир – Рӯзи тахлия  (аз ҷойҳои хавфнок муваққатан ба ҷойҳои осуда кӯчонидани аҳолӣ ва молу анҷом).

***

Дар Малайзия – Рӯзи ҳудуди федералӣ.

РӮЙДОДҲО:

1 феврали соли 1993 дар  шаҳри Душанбе Намояндагии аввали СММ — Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон (ДНСММТ) кушода шуд.

***

1 феврали соли 2011 маросими баимзорасии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи таъсис ва тарзи фаъолияти маркази фарҳангӣ-иттилоотӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаи сохтани  неругоҳҳои хурди обӣ – барқӣ ва имконияти таъсис додани корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Олмон оид ба истеҳсоли батареяҳои офтобӣ баррасӣ карда шуд. 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2011 сокинони водии Зарафшон аввалин маротиба аз Хатти интиқоли барқи «Шимол — Рӯдакӣ» қувваи барқи дохилӣ дастрас намуданд.

Февраль 1, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш