«ТОҶИКИСТОН-ГАВҲАРИ КАШФНОШУДА ДАР САМОИ САЙЁҲӢ». Дар Душанбе Форум ва Намоишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ доир карда мешаванд

Февраль 2, 2023 10:55

ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – 2023» Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад. Инчунин таҳти унвони «Тоҷикистон — гавҳари кашфношуда дар самои сайёҳӣ» Намоишгоҳи байналмилали сайёҳӣ доир карда мешавад. Дар хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Форум ва Намоиши мазкур 1 феврали соли равон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷаласаи тадорукот баргузор гардида, дар он вазифаҳо барои ташкил намудани чорабиниҳои банақшагирифта муайян карда шуданд.

Гуфта шуд, ки форум ва намоишгоҳи мазкур ба рушди ҳамкории мутақобила байни мамлакатҳои иштироккунанда дар самти сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Инчунин онҳо барои ҷалби сайёҳон аз давлатҳои иштироккунанда, мубодилаи таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконоти сайёҳии табобатию экологӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор, арзёбии сафар ва саёҳат ба Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, таҳким ва банақшагирии ҳамкории муштарак байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва байналмилалӣ имконоти васеъ фароҳам меоранд.

Баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд дар Тоҷикистон ҳамчунин барои муаррифӣ ва ташвиқу тарғиби зарфияти сайёҳии ҷумҳурӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ, мутобиқгардонии хизматрасонӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон, таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ дар асоси баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тақвият додани ҳамкорӣ байни мақомоти сайёҳӣ ва бахши хусусӣ имконияти хуб маҳсуб мешавад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 2, 2023 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд