ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ШМА аз 10.3052 то 10.3200 сомониро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ШМА — 10.3052 сомонӣ;
1 евро – 11.2327 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1456 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ШМА аз 10.3052 то 10.3200 сомонӣ;
1 евро аз 11.2327 то 11.3300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1456 то 0.1485сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».








ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1100 то 11.1704 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд






