22 МАРТ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон сарзамини саршор аз об ва ташаббусҳои глобалист

Март 22, 2023 10:41

ДУШАНБЕ, 22.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 март Рӯзи умумиҷаҳонии об (World Water Day) ҳисобида мешавад. Имсол Рӯзи умумиҷаҳонии об ба оғози Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023, ки 22-24 март дар  Ню- Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор мегардад, рост омад. Конфронси оби Созмони Милали   Муттаҳид барои  муттаҳидии ҷомеаи  ҷаҳон ҷиҳати ҳалли буҳрони об ва беҳдошт дар сайёра мусоидат менамояд.

Рӯзи умумиҷаҳонии об ба ҳалли буҳрони об ва беҳдошт нигаронида шудааст

Дар бораи баргузории Рӯзи умумиҷаҳонии об бори аввал дар Конфронси Созмони Милали  Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд (UNCED), ки соли 1992 дар Рио-де-Жанейро баргузор шуд, гуфта шуд.

Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномаи 47/193 аз 22 феврали соли 1993   22 мартро Рӯзи умумиҷаҳонии об эълон кард. Тибқи тавсияҳои Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд, Рӯзи умумиҷаҳонии об аз соли 1993 инҷониб баргузор карда мешавад.

Дар асоси ин қатънома, давлатҳо даъват  шуданд, ки Рӯзи умумиҷаҳонии обро ба татбиқи тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид ва амалҳои мушаххас дар сатҳи миллӣ бахшанд. Соли  равон мавзӯи Рӯзи умумиҷаҳонии об ба суръатбахшиии тағйирот  барои ҳалли буҳрони об ва беҳдошт нигаронида шудааст.  Дар маҷмуъ, Рӯзи умумиҷаҳонии об ҳамасола бо мақсади таъкиди аҳамияти дастрасӣ ба оби тоза ва мусоидат ба истифодаи устувори захираҳои оби тоза дар ҷаҳон баргузор карда мешавад.

Обҳои сайёра: 97,5 %- шӯр, 2,5%- тоза, 68,7%- яхкарда ва пиряхҳо

Тибқи маълумоти  оморӣ, 70 фоизи  сатҳи Заминро об фаро гирифтааст, 97,5 фоизи он оби шӯр  буда, 2,5 фоизи обҳои сайёра тоза  ва қариб 68,7 фоизи онро обҳои яхкарда  ва  пиряхҳо ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 663 миллион нафар дар наздикии маҳали зисти худ аз манбаи оби ошомиданӣ  маҳрум буда, 2,2 миллиард аҳолии кураи Замин  ба оби тозаи  пок дастрасӣ надорад. Дар асри 20 истифодаи об 6 баробар афзуда, суръати афзоиши аҳолӣ беш аз 2 маротиба зиёд шудааст. Дар давлатҳои пешрафта то 30% захираҳои оби тоза аз сабаби ихроҷ шудан талаф меёбад. Дар баъзе шаҳрҳои калон талафот метавонад ба 70% расад. Об на танҳо барои рафъи ташнагӣ ва нигоҳ доштани ҳаёт ва саломатӣ зарур аст, балки захираҳои он дар тамоми соҳаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инсонӣ аҳамияти калон доранд.

Соли 2023- соли махсус барои иҷрои уҳдадориҳо оид ба истифодаи об ва беҳдошт

Қатъи таъмини об ба пешрафти тамоми соҳаҳо – тандурустӣ, ғизо, баробарии гендерӣ, шуғл, маориф, саноат ва субот халал мерасонад. Аз ин рӯ, соли 2023 соли махсус барои иҷрои уҳдадориҳо оид ба истифодаи об ва беҳдошт мебошад. Ҳукуматҳои миллӣ ва ҷонибҳои манфиатдор дар ҳама сатҳҳои ҷомеа барои гирифтани уҳдадориҳои ихтиёрӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба пешрафт дар самти ноил гардидан ба  Ҳадафҳои Рушди Устувор ва дигар ҳадафу вазифаҳое, ки  дар сатҳи байналмилалӣ вобаста ба об мувофиқа шудааст,  ҳамкорӣ хоҳанд кард.

То соли 2030  40% аҳолии сайёра ба мушкилоти норасоии об дучор мешавад

Тибқи гузориши коршиносон,  ҷаҳони имрӯза ба мушкилоти марбут ба об мувоҷеҳ аст. Алҳол дар ҷаҳон  ҳудуди 800 миллион нафар ба оби нӯшокии безарар дастрасӣ надошта, интизор меравад, ки бо назардошти афзоиши тадриҷии  аҳолӣ то соли 2030 қариб 40% аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор гардад. Истифодаи нодурусти об дар соҳаи кишоварзӣ, ки 70% захираҳои обро ташкил медиҳад, ба шӯршавии тақрибан 20%  заминҳои обёрӣ оварда расонид, ки дастёбии бехатарии озуқавориро дар оянда зери шубҳа мегузорад, зеро алҳол  қариб 60% захираҳои озуқаи ҷаҳонӣ тавассути обёрии кишоварзӣ тавлид  мегарданд.

Дигар мушкилоти мубрами соҳаи об- ин  дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани ҳамкории байнидавлатӣ оид ба истифодаи обҳои фаромарзист. Бояд тазаккур дод, ки ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ 45% қисмати хушкии дунёро фаро гирифта, дар ҳудуди онҳо зиёда аз 40% аҳолии кураи Замин зиндагӣ мекунад. Дар ин ҳавзаҳо 145 давлати дунё ҷойгир буда, бидуни ҳамкорӣ ҳалли масъалаҳои марбут ба об ва дар ин замина таъмини сатҳу сифати муносиби зиндагӣ барои аҳолии онҳо мушкил мегардад.       

Тоҷикистон- сарзамини саршор аз об

Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон, хусусан дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз лиҳози захираҳои обӣ бой буда, дар ҷои аввал ва дар ҷаҳон дар шумори давлатҳои даҳгонаи аз ҷиҳати захираҳои обӣ бой дар ҷои ҳаштум қарор дорад. Дар ҳудуди Тоҷикистон қисмати бузурги захираҳои обии Осиёи Марказӣ мавҷуд аст, ки ин захираҳо аз ҳисоби обшавии яху барф ва бориш шакл мегиранд. Дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 14,5 ҳазор пирях бо масоҳати умумии 11 146 километри мураббаъ  ва 947  дарё мавҷуд аст, ки дарозии онҳо ба 28,5 ҳазор  км баробар аст. 80 % оби Амударё ва 1 % оби Сирдарё аз ҳудуди Тоҷикистон  ташаккул меёбад, ки он 55,4 % ҳаҷми умумии ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳад. Тоҷикистон барои истифодаи  эҳтиёҷоти худ  танҳо 10 % оби  баҳри Арал, 15,4 % ҳавзаи Амударё  ва 7,8%  оби Сирдарёро истифода менамояд.  Инчунин дар ҳудуди Тоҷикистон 1300 кӯл мавҷуд буда,   Яшилкӯл, Қарокӯл ва Сарез аз бузургтарин кӯлҳо мебошанд. 200 чашмаи оби маъданӣ барои табобати бемориҳои гуногун истифода мегардад.


Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ буда,  он  барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақши муассир дорад. Инчунин ҷумҳуриамон аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон зинаи ҳаштумро ишғол намуда, бори дигар саршор аз об будани мамлакатамонро шаҳодат медиҳад. Дар айни замон захираҳои об дар мамлакат манбаи асосии истеҳсоли энергия ба шумор рафта, 95% — и барқ дар ҷумҳурӣ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад. Захираҳои обӣ дар соҳаҳои обёришаванда ва истеҳсолӣ барои тақрибан 80%-и маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт,  саноат ва моҳипарварӣ,  ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат нақши муҳим доранд, истифода мешаванд. Захираҳои об дар мамлакат  ҳамчунин дар таъмини шуғлнокии аҳолӣ саҳм мегузоранд. Рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетика, соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ  ва саноат ҷойҳои нави кориро ташкил менамоянд.

Тоҷикистон-давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об

Тоҷикистон чун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳон тӯли ду даҳсолаи охир бо ташаббусҳои ҷаҳонияш дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ба ҳайси давлати пешсаф ҷомеаи ҷаҳонро  ба  ҳалли буҳрони об  дар миқёси сайёра даъват намуд. Ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар соҳаи об- «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»   ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77  доир ба  эълон намудани Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 14 декабри соли 2022  қабул гардид, дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим нақши муассир гузошта, бозгӯи саҳми бузурги Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим дар сайёра мебошанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ  «Ховар»

  АКС аз манбаъҳои боз

Март 22, 2023 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди дипломатияи варзишӣ ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон аст
Тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
18 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо ба мардум фароғати фарҳангӣ бахшида, бо таърих ва фарҳанги қадимӣ шинос менамоянд
ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
ҚАБУЛИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ. Он ба таҳкими сатҳи маънавиёти шаҳрвандон ва некуаҳволии шахс, оила ва ҷомеа равона шудааст
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар маҷаллаи бонуфузи Озарбойҷон – «Аzeri Observer» тарғиб гардиданд
Дар Женева тарғиби ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар маҷаллаи «ДИВА Интернейшнал дипломат» баррасӣ шуд
АСРОРИ ОИЛАДОРИИ СУҒДИЁН. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Волидон ба фарзандон бояд аввал илму дониш ва касбу кор омӯзонанд, то дар пешбурди оиладорӣ дар намонанд
Шурои роҳбарони агентиҳои иттилоотии ИДМ барои мусоидат ба инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе қарор қабул намуд
Ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» Оқилбой Гадоев: «Эҳтиром ба давлату миллат аз оила оғоз меёбад»
15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд