Ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Австрия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Март 6, 2023 08:54

ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вена ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Австрия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва ҳайати Австрияро ҳамраиси Комиссия, роҳбари Гурӯҳи робитаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати федералии меҳнат ва иқтисоди Австрия Франс Вессиг роҳбарӣ намуданд. Дар нишасти мазкур намояндагони расмии мақомоти давлатии дуҷониб ва доираҳои тиҷоратии кишвари мизбон ҳузур доштанд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои васеи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Австрия дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод, хоҷагии деҳот, саноат, нақлиёт ва сохтмон, энергетика, тандурустӣ, муҳити зист, идораи офатҳои табиӣ ва  рақамикунонӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расонида шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 6, 2023 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад