БОРОН, РАЪДУ БАРҚ ВА ТУМАН. Ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон ба соли сипаригардида шабоҳат дорад
ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи март дар Тоҷикистон ҳаво аз меъёри иқлимӣ то 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 14 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 9 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар рӯзҳои алоҳида баамалоии боронҳои пай дар пай, раъду барқ, боридани жола, фаромадани туман ва шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ карда мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии мамлакат.
Тавре дар Агентии обуҳавошиносӣ изҳор доштанд, ҳавои моҳи марти имсола дар Тоҷикистон шабоҳат ба моҳи марти соли сипаригардида дорад. Соли 2022 дар мамлакат боронҳои пуршиддат ба амал омада буданд.
Бояд тазаккур дод, ки мардум аз қадим дар ин фасл ба амал омадани боронро нишони файзу баракат медонистанд. Боридани борону жола дар фасли баҳор ҳодисаи маъмулист, чуноне Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ гуфтааст:
Ҷаҳонро чу борон ба боистагӣ,
Равонро чу дониш ба шоистагӣ.
Моҳи март дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 14 дараҷа ва рӯзона 19 — 24 дараҷа пешбинӣ мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ҳарорати миёнаи моҳона дар вилояти Хатлон то 2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7 дараҷа ва рӯзона то 29 дараҷа гарм мешавад.
Моҳи март дар вилояти Суғд ҳаво дар водиҳо шабона то 10 ва рӯзона то 23 дараҷа гарм дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво то 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон миқдори моҳонаи бориш дар ҳадди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд пешгӯӣ мешавад. Дар шарқи вилоят рӯзона то 8 ва шабона 26 дараҷа хунукӣ дар назар аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ то 2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 14 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 9 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»






