Дар Боку санад оид ба содагардонии расмиёти транзитӣ дар масири байналмилалии Транскаспий ба имзо расид

Март 17, 2023 12:04

ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Боку протоколи  нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаи содагардонии расмиёти гумрукии транзитӣ бо истифода аз принсипи «Равзанаи ягона» дар долони байналмалалии Транскаспийи «Шарқ ва Ғарб» аз ҷониби роҳбарони мақомоти гумруки минтақа ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Санади мазкур дар ҳошияи вохӯрии роҳбарон ва коршиносони мақомоти гумруки давлатҳои минтақа ва намояндагони созмонҳои марбутаи байналмилалӣ  ба тасвиб расид.

Протоколи  нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаи содагардонии расмиёти гумрукии транзитӣ бо истифода аз принсипи «Равзанаи ягона»-ро роҳбарони мақомоти гумруки минтақа — Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон,  Узбекистон ва Гурҷистон имзо намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки портали «Равзанаи ягона» барои сода гардонидани амалиёти гумрукӣ дар асоси хизматрасониҳои рақамии молиявӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

АКС: Хадамоти  гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Март 17, 2023 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд