Дар Остона нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал дар шаҳри Остона нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар қолаби «С5+1» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ табодули афкор карда, дар ин росто ба зарурати тақвияти ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа таъкид карданд.
Дар нишасти мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд






