Дар Суғд бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи миллии пойга доир мегардад
ДУШАНБЕ, 21.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 март бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар майдони аспдавонии Ҷамъияти саҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мусобиқаи миллии пойга гузаронида мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар доираи ташкили чорабиниҳои таҷлили ҷашни Наврӯз бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ, афзун намудани сафи дӯстдорони табиат ва рушди соҳаи асппарварӣ ҳамасола ташкил ва баргузор гардидани бозии миллии пойга ба ҳукми анъана даромадааст.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи пойга ҳамчун ойини деринаи наврӯзӣ ба густариш ёфтани варзиш дар байни мардум, хосса ҷавонон мусоидат карда, аз ҷониби дигар, ба боз ҳам қавитар шудани муносибатҳои дўстиву ҳамгироӣ мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Наврӯз бо риояи анъанаҳои миллӣ ҷашн гирифта шуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар тантанаҳои наврӯзӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шарикони рушд иштирок намуданд
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳри Турсунзода бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Наврӯз бо риояи суннатҳои миллӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид






