«ДАСТАРХОНОРОӢ». Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Наврӯз маҳфил доир гардид

Март 14, 2023 18:34

ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Шӯрои занони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз маҳфили «Дастархонороӣ» доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти мазкур хабар доданд.

Халқи тоҷик на танҳо дар бахши омодасозии анвои таомҳои миллӣ, балки дар дастархонороӣ низ маҳорати баланд дошта, хони оростаи ҳунармандони он на фақат чорабиниҳои хонаводагӣ, балки ҷашнҳои пуршукўҳи идонаи миллиро низ зебу зиннати хосса мебахшад.

Анъанаи дастархонороии тоҷикон бо зарфияти хоси худ, бахусус аз лиҳози усули оростан ва унсурҳои истифодаи анвои маҳсулоти миллӣ дар ҷаҳон беназир аст. Ин аст, ки фарҳанги дастархонороӣ ҷузъе аз анъанаҳои фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон ба шумор меравад.

Аз ин лиҳоз, занон ва духтарони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар арафаи иди Наврӯз бо ба бар намудани либоси миллӣ кӯшиш ба харҷ доданд, ки дастархони идонаро бо неъматҳои асили тоҷикӣ ороянд.

Гузаронидани чунин маҳфилҳо барои эҳёи анъанаҳои миллӣ аҳамияти калон дошта, барои ба насли оянда боқӣ гузоштани оинҳои миллати тоҷик мусоидат мекунад.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 14, 2023 18:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид