Дастовардҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Ҳайдарободи Ҳиндустон муаррифӣ гардид

Март 3, 2023 13:30

ДУШАНБЕ, 03.03.3023 /АМИТ «Ховар»/. Дар оянда Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон тақвият медиҳад. Далели ин- ба имзо расидани шартномаи ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии Тоҷикистон ва Ҳиндустон мебошад.

Ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки санади ҳамкорӣ дар доираи баргузории конфронси IV муштараки байналмилалии сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар шаҳри Ҳайдаробод доир гардид, ба тасвиб расид.

Дар конфронс намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуда, дастовардҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистонро зимни маъруза муаррифӣ намуданд.

Конфронс бо ташаббуси Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории шаҳри Ҳайдаробод дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо иштироки беш аз 150 меҳмони хориҷӣ ва вазири сайёҳии Ҳиндустон баргузор гардид.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Март 3, 2023 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд