ФЕСТИВАЛИ ГУЛЧИНИ СУРУДҲОИ ВАТАНДӮСТОНА. Дар он зиёда аз 1000 афсару сарбоз фаъолона иштирок намуд

Март 18, 2023 18:18

 ДУШАНБЕ, 18.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстона доир гардид, ки дар он зиёда аз 1000 афсару сарбоз, ҷавонписарони синни даъватӣ ва ҷавондухтарони фаъол иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Пеш аз оғози чорабинӣ аксияи «Гули наврӯзӣ» низ баргузор гардид, ки дар он ҷавондухтарон бо либосҳои миллӣ ба афсарону сарбозон гул тақдим намуданд.

Дар оғози фестивал роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз  доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити хубу созгори хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида, ба ин соҳаи муҳими мамлакат таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир менамоянд, зеро Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватан мебошад.


Тазаккур дода шуд, ки гарчанде аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамагӣ 30 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, он роҳеро тай намудааст, ки ба садсолаҳо баробар аст. Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз санҷишу имтиҳони ҷиддии таърихӣ гузашта, қудрату тавоноии худро дар ҳифзи суботи ҷомеа ва амнияти давлат борҳо собит намудааст.

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ, интизоми намунавӣ ва маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ буда, бузургтарин вазифа — сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро таъмин менамоянд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ сафи ҷавонони ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сол то сол зиёд гардида, дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии ҷузъу томҳо шароити хуби хизмат фароҳам оварда мешавад.


Дастагули таронаҳои ватандӯстона, ки тараннумгари Ватан-Модар, ваҳдату истиқлол, дастовардҳои мамлакат дар низоми қудратӣ буд, дар иҷрои сарбозону афсарон, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ ва ҳофизони ватансарои ҷумҳурӣ идомабахши Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстона гардид.

Фестивали мазкур дар ҳамкорӣ бо сохторҳои низомии мамлакат, аз ҷумла Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Ҳадафи озмуни мазкур аз баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ байни ҷавонон, ташвиқу таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ дар байни сарбозон ва баланд бардоштани малакаю маҳорати ҷангиву варзишии сарбозону афсарон иборат буд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳирҷони САИД (АКС),

АМИТ «Ховар»

Март 18, 2023 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд