Имрӯз дар Душанбе маҳфили ёдбуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов баргузор мегардад

Март 18, 2023 14:22

ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ  ба поси хотири дорандаи ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, коргардони театр ва кино, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик, устоди ҳунар шодравон Убайдулло Раҷабов маҳфили ёдбуд баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Нақшҳои хотирмону дилангези Убайдулло Раҷабов  дар саҳнаҳои театру кинои миллӣ аз хотири тамошобинону алоқамандони соҳаи театру синамо зудуда нахоҳад шуд. Ҳаёту фаъолияти ӯ дар саҳнаҳои театру кино сипарӣ гардида, дар чандин филмҳои ҳунарӣ нақш офаридааст. Аз ҷумла, дар филмҳои ҳунарии «Зумрад» (1962), «Замони осоишта» (1965), «Вохӯриҳои кӯтоҳ дар ҷанги дурудароз» (1975), «Салом, Гулнора Раҳимовна» (1986), «Воқеа дар фурудгоҳ» (1987), «Номзад» (1990), «Асрори Нуҳ пайғамбар» (1992), «Буд набуд» (2002), «Муҷассамаи ишқ» (2003), «Фаришта» (2010) ва дар саҳнаҳои ҳаҷвии киномаҷаллаи мазҳакавии «Калтак».

Убайдулло Раҷабов 20 марти соли 1941 таваллуд шудааст. Фаъолияти кории худро дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст (1968-70). Солҳои 1970-1989 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, 1990—2000 роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина», 2000—2004 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ва роҳбарии бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина»-ро ба уҳда дошт.

Ӯ фидоии касби хеш буд ва тамоми ҳастиашро ба рушди  театр ва руҳбаландии  тамошобин бахшид.

Нақшҳои офаридаи мавсуф такрорнашавандаанд, зеро ӯ ҳунарманди нотакрор буд.

АКС аз бойгонӣ

Март 18, 2023 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо