«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар Хоруғ даври шаҳрии озмун ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 08.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ даври ҷамъбасти озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.
Дар озмун беҳтарин кадбонуҳо аз ҷамоати шаҳраки Сомоншаҳр ва Шоҳтемуриён фаъолона иштирок намуданд. Барои баҳои сазовор гирифтан довталабон таомҳои миллӣ, аз ҷумла, шакароб, қурутоб, оши бурида, шӯрбо, инчунин чаппотӣ, кулча ва хӯриш тайёр намуда, пешкаши иштирокдорон гардониданд.
Дар маросими супоридани мукофот ба ғолибони озмун Раиси шаҳри Хоруғ баргузор намудани чунин озмунҳоро хеле муҳим арзёбӣ намуда, гуфт, ки «ҷавонону наврасони мо бояд аз ҳунармандони беҳтарин нозукиҳои ин ҳунарро омӯзанд ва ба таъриху тартиби омодасозии таомҳои миллӣ аҳамияти зарурӣ диҳанд. Моро зарур аст, то ин ҳунарро, ки аз гузаштагони хеш ба мерос гирифтаем, ба насли имрӯза омӯзонем, то онҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ нараванд. Баргузор намудани чунин озмунҳо ба эҳё ва рушди ҳунарҳои қадимии тоҷикон мусоидат менамояд».
Дар ҷамъбасти озмун ғолибон бо Ифтихорномаи Раиси шаҳри Хоруғ ва туҳфаҳоии хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






