НАВБАҲОР ОМАД, ГУЛИСТОН АЗ ПАЙИ НАШЪУНАМОСТ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе

Март 17, 2023 08:19

ДУШАНБЕ, 17.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз имрӯзҳо тамоми гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангӣ — фароғатии шаҳри Душанбе зебу зиннат дода шудаанд.

Аз ҷумла, Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир» низ ба таҷлили ин ҷашн омода гардида, дар он ҳамарӯза сокинону меҳмонони пойтахт ба сайру гашт мебароянд.

Бояд тазаккур дод, ки Боғи «Куруши Кабир» 7 июни соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ифтитоҳ гардид.

Гулҳои рангорангу дарахтони сояафкани гулпӯши боғ ва дигар ороишоти рамзи баҳору Наврӯз, ки ин шабу рӯз дар ин боғ насб гардидаанд, аз ҷониби суратгири АМИТ «Ховар» аккосӣ шудааст.

 

Тоҳирҷони САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Март 17, 2023 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд