«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ САЙЁҲӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе фестивал баргузор мегардад

Март 16, 2023 08:52

ДУШАНБЕ, 16.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 март, соати 15:00 дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва бо мақсади муаррифии имконоти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон Фестивали «Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат хабар доданд.

Дар доираи фестивал баргузории намоиши имконияти сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои наврӯзӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва рақсу суруд дар назар аст.

13 март зимни баргузории ҷаласаи корӣ роҳбарияти Кумитаи  рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани фестивали мазкур ба масъулин супоришҳои мушахас дод.

Ҳамчунин масъалаи дар сатҳи баланд  баргузор намудани ҳамоишҳои идона бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва таъмини иштироки фаъолонаи ҳайати  Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT»  дар Федератсияи Русия, ки аз 16 то 18 март доир мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 16, 2023 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд