ПЕШВОИ ВАТАНДӮСТ ВА МИЛЛАТИ НИҲОЛПАРВАР. Ва ё ниҳолшинонӣ суннати волои мардуми тоҷик аст

Март 1, 2023 09:51

ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Миллати тоҷик дорои бисёр суннатҳои волоест, ки аксарашон решаҳои амиқ дар заминаи таърих доранд. Ва яке аз ин суннатҳои наҷибу писандидаи мардуми тоҷик ниҳолшинонист. Беҳуда нест, ки Тоҷикистони сарсабзу шукуфони моро як гӯшаи биҳишт меҳисобанд. Маҳз ҳамин суннати наҷиби миллӣ онро ба ҷаннати рӯи замин табдил додааст.

Чунин ибрози андеша намуд Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф пешниҳод мешаванд.

-Арҷгузорӣ ба замин ва муҳаббат ба табиат падидаи дерин ва қадимтарини халқи бофарҳанги мо маҳсуб мешавад. Банда дар тӯли сафарҳои худ ба гӯшаҳои мухталиф ва дурдасттарини мамлакат шоҳиди арҷгузории мардуми тоҷик ба хоку замин ва муҳаббати волояшон ба заминдориву боғдорӣ гардидаам. Хусусан, дар он мавзеъҳои кӯҳистони мамлакати мо, ки саросар сангсор ҳастанд. Банда мавзеъҳоеро дидаам, ки марди кӯҳистонӣ дар он баландиҳо хокро ба доман кашонидаву дар канори сангҳо замин сохтаву дар он ниҳоле парваридааст. Чӣ қадар муҳаббат, заҳмат ва сабру тоқат бояд дошт, ки бо дастони тиҳӣ дар он кӯҳистони баланд, бе истифодаи техника, ки истифодааш дар он маврид имкон ҳам надорад, як санглохро аз сангҳо тоза намудаву ба он хок кашонида, замин ва заминае фароҳам оваранд барои нишонидани дарахту гулу гиёҳ.

Гумон мекунам, агар пажӯҳиши дақиқи илмӣ гузаронида шавад, собит хоҳад шуд, ки суннати ниҳолшинонӣ, ки баъдан дар байни мардуми мо ба ҳашари умумихалқӣ табдил ёфт, дар баробари идҳои машҳури миллии мо- Наврӯзу Садаву Меҳргон таърихи хеле қадимӣ дошта, ҳадафҳои баланди инсониро пайгирӣ намудааст.

Хушбахтона, дар замони эҳёи навини Тоҷикистони озоди мо, ҳанӯз дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин суннат бо ҷилои хоссаи нав падидор омад. Ёд дорем, ки дар он рӯзҳои хеле гароне, ки мардум дар парешониву номуайянӣ, дар таҳдиди ҷангҳову гуруснагӣ ба сар мебурданд, маъракаи ниҳолшинонӣ падидаи дурахшони ғайричашмдоште гардид, ки баъдан хеле идома ёфту то ба имрӯз идома дорад. Ва тасаввур кунед, ки дар зарфи беш аз сӣ сол чӣ миқдор ниҳолу гулу нахлҳо дар саросари мамлакат шинонида шуданд.


Аммо он замон ин падида ба рамзи хеле хуҷаста табдил ёфт ва аз дили бузурги як ватандӯст, аз дили зебоипарасти Сарвари давлати тоҷикон, аз завқи баландашон дарак медод, ки ҳатто дар ҳамон замоне, ки он қадар мушкилот садди роҳ буду баъзеҳо нони хӯрдан надоштанд, он кас мардумро ба бунёди гулгашту гулзору боғҳо раҳнамоӣ менамуданд. Шахсан ман ифтихор мекунам, ки чунин Сарвари табиатдӯсту ватанпарвар дорем.

Осори бузургони сухани гузаштаи мо далолат бар он мекунад, ки маросими ниҳолшинонӣ суннати дерини ин мардуми хирадманд будаааст ва шинонидани ниҳол, парвариши дарахт дар шеъри классикии мо таҷассуми шоиронаи худро ёфтааст. Аз ҷумла, Унсурӣ гуфтааст:

Ба як моҳ боло гирифт он ниҳол,
Фузун з-он ки дигар дарахтон ба сол.

Баъдан ниҳолшинонӣ ва парвариши дарахт дар шеъри классикони номдори мо рамзҳои зиёди маънавӣ гирифт, ки инро метавон бо далелҳои зиёде аз ашъори бузургонамон нишон дод.

Дар нақлу ривоятҳо ва ашъори классикони мо дар хусуси ҳикмати ниҳолшинонӣ низ хеле зиёд ҳикоятҳо омадаанд. Ва ин ривояте, ки пирамарде бо қомати хамида ниҳол мешинонд ва ҷавони раҳгузаре бо ҳайрат пурсид, ки чаро ин ниҳолро мешинонӣ, ки то борвар шудани он ту дар олам нахоҳӣ буд? Ҷавоби пандомези мӯйсафед чунин буд, ки дигарон, яъне падарону бобоён дарахтҳое парвариданд, ки мо имрӯз ҳосили онҳоро хӯрдаву раҳмат мегӯем ва ин ниҳоле, ки ман мешинонам, вақте борвар мешавад, шояд ман низ набошам. Аммо раҳгузаре меваи лазизи онро хӯрдаву аз паси ман раҳмат хоҳад гуфт. Ва ин мазмун низ дар шеъри гузаштагони мо чунин баён ёфтааст:

Чу худ хӯрдаӣ барги пешинагон,
Дарахте пасояндагонро нишон.

Мардуми шарифи тоҷик медонанд, ки дар баҳор шинонидани ниҳолу дарахт фазилатҳои неки худро дорад ва яке ин аст, ки боғбон метавонад ҷараёни афзоиши онро назорат кунад ва ҳам эҳтимоли сармохӯрии он дар ин мавсим кам аст.

Боғбонони соҳибтаҷриба мегӯянд: агар хоҳед, ки ниҳоли шинонидаатон сабз шавад ва аз он ҳосил бигиред, бояд вақти шинонидани ниҳол заминро 40 сантиметр ҷуқур кобед, яъне ҷойи шинонидани ниҳол бояд ду- се маротиба аз ҳаҷми решаҳои ниҳол васеътар бошад. Баъдан зарур аст, ки ҷойи пайванд дар даруни замин бошад, чунки реша дар зери хок салқин мемонад ва дар офтоби гарми тобистон хушк намешавад. Албатта, дар мавриди кай ва чӣ гуна шинонидани ниҳолу дарахт бояд тавсияи мутахассисонро гирифт.


Аммо чун ҳоло баҳор асту мавсими ниҳолшинонӣ оғоз ёфтааст ва мо медонем, ки чун анъана Пешвои миллатамон яке аз аввалинҳо шуда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ мебароянд, аминем ва медонем, ки хурду бузург дар тамоми гӯшаҳои мамлакат ба ин иқдом шарик мешаванд ва дар сарсабзу гулзоркунии ватанамон саҳми арзанда мегузоранд.

Натиҷаи ҳамин сиёсати ватанпарваронаву табиатдӯстонаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон буд, ки давоми 10-15 сол танҳо дар пойтахти ватанамон- Душанбеи шукуфон теъдоди зиёди боғҳои бешабеҳ ва яке аз дигаре зеботар ба вуҷуд омаданд. Бубинед: Боғи Парчами миллӣ, боғи Нишони давлатӣ, боғи Ирам, боғи Рӯдакӣ, боғи назди Китобхонаи миллӣ, боғи Қасри миллат, боғи Сомон, Куруши Кабир, Хайём, Аҳмади Дониш, Наврӯзгоҳ, Восеъ, Ҷавонон, кӯли Душанбе, Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ, Дӯстӣ, Алишери Навоӣ, Ғалаба, боғи Ҷавонон, боғи Кӯдакону наврасон ва ғайра.

Ва ахиран боғу гулгашти беназири атрофи маҷмааи Истиқлоли шаҳри Душанбе. Илова бар ин имрӯз дар Душанбе ягон маҳалу кӯчаву хиёбоне нест, ки бо гулу буттаву дарахтон оро наёфта ва гулзор нагардида бошад. Воқеан пойтахти моро метавон шаҳри беназири боғҳо номид. Гумон аст, ки чунин теъдоди боғҳо дар ягон шаҳри дигар бошад.

Бояд гуфт, ки ин ҳама ташаббусҳои ибратбахши Пешвои миллатамон дар роҳи ниҳолшинонӣ, парвариши боғҳо, гулпарварӣ ва дар маҷмуъ зебоипарастии он кас, бидуни шубҳа, дар тарбияи ҳисси зебоидӯстиву озодагӣ, покизаманишиву ватандории наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азизамон нақши беандоза бузург хоҳанд гузошт.

Дар суннати ниҳолшинонии миллати тоҷик ба шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва Пешвои ватандӯсти он падидаи наву бешабеҳи дигар дар замони соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, ки пештар вуҷуд надошт ва ин ҳам овардану шинонидани намудҳои гуногуни ниҳолу гул аз тамоми гӯшаҳои дунё. Ин падидаи нодир низ гувоҳи сиёсати сулҳпарваронаву башардӯстонаи Пешвои миллати мост, ки аксари ин дарахтонро дар ҳар сафари хориҷии худ бо муҳаббати хосса ба Ватан овардаанд ва ин аҷиб аст, ки дар замини Тоҷикистони мо аксари кулли ин дарахтон ватан ёфтанду сарсабз шуданд ва боғу гулзорҳои Ватани моро, ки пайваста доманаи густурдатаре мегиранд, ба мазҳар ва рамзи фурӯғи меҳру муҳаббат, завқи баланди зебоишиносӣ ва сулҳу дӯстиву рафоқат табдил медиҳанд.

Ин сиёсати Ҳукумати мамлакат ва Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллати мо ба ин байти машҳури Хоҷа Ҳофиз маънои бештари рамзӣ медиҳад:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Камол НАСРУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 1, 2023 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад