РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сироҷиддин Муҳриддин: «Ба инсоният тақрибан 50 сол зарур омад, то талошҳоро дар масоили об муттаҳид намояд»

Март 20, 2023 11:04

ДУШАНБЕ, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ҷумҳурии  Тоҷикистон моҳи декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ қарор қабул намуд, ки солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон карда шавад. Мақсади қатънома- рушди устувор ва идоракунии маҷмуи захираҳои об мебошад. Он инчунин ба пешбурди ҳамкорӣ ва шарикӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда, аз ҷумла Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 равона шудааст. Конфронси оби СММ соли 2023- дуюмин конфронси таърихӣ дар 50 соли охир мебошад. 

 Ин конфронс дар замоне доир мегардад, ки зарурати андешидани  тадбирҳои фаврӣ дар масоили захираи об дар ҷаҳон вуҷуд дорад. Интизор меравад, ки конфронс тамоми ҷонибҳои манфиатдори марбутаро тавассути муттаҳид кардани ҳукуматҳо, низоми СММ, созмонҳои байниҳукуматӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои дастгирии амалҳои минбаъда ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои Даҳсола ва ҳадафҳои марбут ба об ва Ҳадафҳои Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ҷалб намояд.

 Дар остонаи ин рӯйдоди муҳим хабарнигори АМИТ «Ховар» Лайло Тоирӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин оид ба конфронси дарпешистодаи об дар Ню-Йорк суҳбат намуд.

-Бигӯед, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» чӣ натиҷаҳо дод?

— Аввалан, бояд гуфт, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Пешбурди амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор шуд, минбари муассире барои тавзеҳ ва таҳкими маълумоти зарурӣ оид ба об ҳамчун ҳалқаи марказӣ дар раванди омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба Шарҳи миёнамуҳлати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» гардид, ки он аз 22 то 24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор мешавад. Қобили тазаккур аст, ки ин аввалин конфронси СММ оид ба захираҳои об дар 50 соли охир хоҳад буд.

Баъдан, бояд таъкид кард, ки муҳимтарин натиҷаи Конфронси Душанбе роҳандозии Рӯзномаи амалиёти об- механизми табдилдиҳандаи ихтиёрии Конфронси СММ 2023 мебошад, ки чунин ухдадориҳоро муттаҳид намуда, барои амалҳои нав замина мегузорад,  суръатбахшии фаъолияти мавҷударо метезонад,  саъю кӯшиш ва таҳкими ҳамкорӣ ва шарикиро барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори 6-ум ва дигар ҳадафҳои марбут ба об таҳким мебахшад.

— Баргузории Конфронси оби  СММ дар соли 2023 барои Тоҷикистон ва дар маҷмуъ барои ҷаҳон чӣ аҳамият дорад?

— Давоми ду даҳсолаи охир Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи обро дар арсаи байналмилалӣ фаъолона пеш мебарад. Дар ин муддат Маҷмаи Умумии СММ 9 қатъномаи марбут ба об ва иқлимро бо ибтикори Тоҷикистон қабул кард. Тибқи Қатъномаи охирин, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидааст, ки робитаи обшавии пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ва тағйирот дар давраи табиии гидрологиро таъкид менамояд,  ки ин ҳамчунин дар «Рӯзномаи умумӣ»-и Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ишора шудааст.

Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии ҳамаҷонибаи миёнамуҳлат оид ба пешрафт дар самти Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (Конфронси обии СММ) чорабинии саривақтӣ дар миқёси ҷаҳонӣ бинобар чолишҳо ва таҳдидҳои рӯзафзуни таҳкими ҳамкорӣ дар масъалаҳои об, мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» мебошад, ки ба вазъи кунунии байналмилалӣ таъсири мусбат мерасонад.

Дар дипломатияи бисёрҷониба имсол соли хеле муҳим аст, зеро он мизбони рӯйдодҳои бузург, ба монанди Конфронси оби СММ, Шарҳи миёнамуҳлати Конвенсия дар  чаҳорчӯбаи Сендай, Саммити Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ҷаласаи омодагӣ ба Саммити оянда  дар соли оянда мебошад. Бо назардошти нақши бунёдии захираҳои об дар ҳаёти рӯзмарра ва рушди иқтисодӣ, инчунин дар ҳифзи гуногунии биологӣ бо итминон метавон гуфт, ки Конфронси оби СММ барои ба таври муваффақ гузаронидани  рӯйдодҳои минбаъдаи ҷаҳонӣ кумаки назаррас мерасонад.

Дар консепсияи Конфронси об ҳамраисони он:  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд се принсипи пешбарандаи раванди омодагӣ ва баргузории худи конфронсро муайян кардаанд: фарогирӣ, нигаронидан ба амал ва хусусияти байнисоҳавии идоракунии захираҳои об.

Захираҳои обро, ки манбаи ҳаёт мебошанд, метавон ҳамчун воситаи ҳамаҷонибаи рушди устувор арзёбӣ кард. Вобаста ба ин, дидгоҳи конфронси муваффақ барои мо ин аст, ки фарогир будани он ҳам аз ҷиҳати худи раванд ва ҳам аз рӯи натиҷаҳои бадастомада ҳеҷ касро дар канор нагузорад. Иштироки фаъолонаи намояндагони Ҷануби ҷаҳонӣ ва тамоми гурӯҳҳои манфиатдор, аз ҷумла занон, ҷавонон ва мардуми бумӣ бояд таъмин карда шавад. Конфронс бояд хислати байниидоравӣ дошта бошад, ки дар асоси тавсияҳои он тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ усулҳои идоракунии захираҳои об ва истифодаи онҳоро такмил диҳад. Илова бар ин, конфронс ба  амалҳои мушаххас нигаронида шудааст.

Мо итминон дорем, ки яке аз натиҷаҳои муҳими конфронс Рӯзномаи амал оид ба об хоҳад буд, ки дорои уҳдадориҳои дигаргунсозанда ва тағйирёбанда мебошад ва ин имкон медиҳад барои  ноил шудан ба ҳадафҳои марбут ба об ба пешравӣ суръат бахшида шавад.

Бояд гуфт, ки нахустин Конфронси оби СММ соли 1977 дар шаҳри Мар-дел-Плата (Аргентина) баргузор шуда буд. Ба инсоният қариб 50 сол зарур омад, ки ҷидду ҷаҳди худро дар ин роҳ боз як бори дигар муттаҳид намояд. Ба ҳама маълум аст, ки ҷаҳон аз ноил шудан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи об, аз ҷумла ҲРУ 6 хеле ақиб мондааст. Конфронси обии СММ ба мо имкони беназире фароҳам меорад, ки вазъиятро тағйир диҳем.

— Мегуфтед, ки вазифаҳои ҳамраисони конфронс аз чӣ иборат аст? 

— Тибқи Қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  дар бораи тартиби баргузории Конфронси оби СММ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд ҳамраисони конфронс интихоб шуданд.

Ҳамроҳ бо Департаменти корҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии СММ бо дастгирии сохтори СММ – Захираҳои об, ки ба ҳайси котиботи конфронс амал мекунанд, Тоҷикистон ва Нидерланд барои таҳияи муҳтавои он ҳамаҷониба кумак мерасонанд, инчунин рӯзномаи обро ҳамчун натиҷаи калидии конфронс, ки дар он давлатҳо — аъзои СММ, созмонҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор метавонанд уҳдадориҳои ихтиёриро оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об ба қайд гиранд, фаъолона пеш мебаранд.

— Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ташкил намудани ин конфронс кадом чорабиниҳоро анҷом дод?

-Дар мавриди усулҳои баргузории конфронсҳои Қатъномаи Ассамблеяи  Генералии СММ бояд гуфт, ки то  соли 2022 дар чаҳорчӯбаи он чорабиниҳои гуногуни минтақавӣ ва байналмилалӣ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд, ки дар омодасозии конфронси дар пешистода  саҳми арзанда гузоштанд. Аз ҷумла, инҳо Симпозиуми оби Созмони Милали Муттаҳид дар Лиссабон, Саммити 4-уми оби Осиё ва Уқёнуси Ором дар Кумамото, Форуми 9-уми ҷаҳонии об дар Дакар ва Конфронси 2-юми об дар сатҳи баланд дар Душанбе мебошанд. Дар ин самт Конфронси  Душанбе мавқеи калидӣ  бозид, зеро дар қатънома дар бораи тартиби конфронс ба он диққати махсус дода шудааст.  Аз рӯи натиҷаҳои Конфронси Душанбе Эъломияи Душанбе «Аз Душанбе-2022 то Ню-Йорк-2023» қабул гардид, ки дар он рӯзномаи амал дар соҳаи захираҳои об пешниҳод карда шуда буд.

Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани огоҳии тамоми ҷонибҳои манфиатдор дар бораи конфронси дарпешистода, ҳадафҳо ва натиҷаҳои он Тоҷикистон ва Нидерланд дар якҷоягӣ бо намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид муколамаҳои гуногун, брифинг, муҳокимаҳо барои баланд бардоштани шуҳрати давлатҳо оид ба тағйир додани вазъи об дар шароити имрӯза  ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ баргузор намуданд.

-Дар баргузории ин чорабинии муҳим кадом давлатҳо фаъолона иштирок доранд?

— Тибқи барномаи Конфронси оби СММ, баргузории панҷ муколамаи интерактивӣ дар назар аст, ки ҳар яки онҳоро ду давлат ҳамраисӣ мекунад. Моҳи феврали соли равон барои ҳамраисӣ кишварҳои узви СММ интихоб шуданд, аз ҷумла Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Доминикан, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷопон, Миср, Швейтсария, Сенегал, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Сингапур ва Иттиҳоди Аврупо.

Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамчун ҳамраисони конфронс дар якҷоягӣ бо Котиботи Конфронс бо ҳамраисони муколамаҳои интерактивӣ фаъолона кор мебаранд. Мақсади асосӣ- сохторбандии муколамаҳо бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки натиҷаҳои назаррас  ба даст ояд, то ҳар ҳизб, ҳукумат, созмони байналмилалӣ, намояндагони илму дониш ва ҷавонон тавонанд масъалаҳои ҳамкории обро аз ҷанбаҳои гуногун ва аз нуқтаи назари ҷалби захираҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ баррасӣ намоянд.

Ба ғайр аз ин, бисьёр намояндагон ва коршиносон аз мамлакатҳои гуногун ба сифати панелистон ҷалб карда шуданд. Ҳамзамон дар раванди интихоби номзадҳо намояндагии баробари минтақавӣ ба назар гирифта шудааст, то  барои муколамаи фарогир имкон дода шавад.

Шумораи дархостҳо барои баргузории чорабиниҳои панелӣ (беш аз 1300) аз ширкати фаъолонаи давлатҳои узви СММ дар кори конфронс ва инъикоси масъалаҳои мубрами об дар манотиқи мухталифи ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад.

-Тоҷикистон аз кори ин конфронс чӣ натиҷаҳоро интизор аст?

— Натиҷаи асосии конфронс васеъ ва ғанӣ гардонидани рӯзномаи амал дар соҳаи захираҳои об мебошад. Рӯзнома воситаи ба даст овардани мақсад аст, на худи мақсад. Мо мехоҳем, ки аз сохторҳои мавҷуда ҳам аз ҷиҳати татбиқ ва ҳам аз ҷиҳати назорат ва ҳисоботдиҳӣ бештар истифода барем. Аз ин рӯ, иҷрои уҳдадориҳои аз ҷониби кишварҳо ва созмонҳо гирифта бояд дар сохторҳои мавҷуда, ба монанди Саммити Ҳадафҳои Рушди Устувор моҳи сентябр ва Саммити оянда дар соли 2024 сохта шавад. Бояд гуфт, ки хоҳиши тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои бузурге, ки онҳо дар соҳаи об ҳамчун як қисми Рӯзномаи амал муайян мекунанд, ба муттаҳидшавӣ ва ҳавасмандгардонии ҳамкории ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, ки метавонанд дар рушди устувори ҷаҳонӣ саҳм гузоранд, мусоидат мекунад.

Мо инчунин интизорем, ки натиҷаҳои конфронс ба афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои идоракунии ҳамгироии об ва  ноил шудан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ, амалишавӣ ва пешбурди барномаю лоиҳаҳои дахлдор, инчунин таҳкими ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳои барои мусоидат ба татбиқи сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи ҳадафҳо ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, аз ҷумла онҳое, ки дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 таҳия шудаанд, мусоидат мекунад.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»/Вазорати корҳои хориҷӣ

Март 20, 2023 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Тоҷикистон барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Туркия низоми раводид ҷорӣ намуд
Дар Тошканд вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Олмон робитаҳои мустақим байни соҳибкорони Душанбе ва Ройтлингенро муҳим арзёбӣ намуданд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегардад
Сироҷиддин Муҳриддин ва Мурат Нуртлеу раванди омодагӣ ба саммитҳои сатҳи баландро баррасӣ намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Вохӯрии ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Русия иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари давлатӣ ба Озарбойҷон мераванд
Дар Минск ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Дар Боку масъалаи баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ шуд