«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар вилояти Хатлон Фестивал-озмуни вилоятӣ доир карда мешавад
ХАТЛОН, 07.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивал-озмуни «Сайри гули лола» доир карда мешавад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Ба ин хотир дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ситоди якуми вилоятӣ оид ба ташкил ва гузаронидани фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» доир гашт.
Гуфта шуд, ки даври аввали фестивал — озмун то 10 март дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо шинонидани гулу буттаҳо, аз ҷумла пиёзаки гули лола дар мавзеъҳо ва оғози кори гармхонаҳо, ташкили дизайни гулҳои шинонидашуда дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва идораҳои давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории фестивали вилоятии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола», инчунин якҷоя бо гурӯҳи кории вилоятӣ муайян намудани ҷойи баргузории фестивал доир карда шавад.
Таъкид гардид, ки соли равон шакли баргузории Фестивал -озмуни «Сайри гули лола» аз солҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Агар солҳои қаблӣ танҳо гули лола шинонида мешуд, пас имсол дар тамоми кӯчаву хиёбонҳо, майдонҳои фароғатӣ, саҳни бинову иншооти таъйиноти гуногун аз ҷониби кормандони ташкилоту муассисаҳо намудҳои гуногуни гулу буттаҳои ороишӣ шинонида мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






