Таҷлили Рӯзи Модар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо намоиши филмномаи таҷассумгари бузургии модар оғоз шуд

Март 7, 2023 13:22

ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзуда, занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеӣ гузошта истодаанд. Чунин гуфт Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвактзода дар ҳамоише, ки дар остонаи Рӯзи Модар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки қабл аз оғози ҳамоиши тантанавӣ филмномае аз бузургии Модар намоиш дода шуд. Модаре, ки фарзанди фарзона, Қаҳрамони миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба дунё оварда, ба камол расонидааст, ДАР Ҳама давру замон шоистаи васфу ситоиш аст. Филмнома бори дигар собит намуд, ки дар дунё муҳаббате бузургтар аз муҳаббати модар нест. Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир ҳар фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода  занон-устодони донишгоҳ ва донишҷӯдухтаронро бо  Рӯзи Модар  табрик намуда,   аз талошу заҳматҳои   занони донишгоҳ ва ташаббусҳои созандаи онҳо  дар сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ёдовар шуд ва иловатан таъкид намуд, ки воқеан имрӯз занон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва хизмати давлатӣ нақши арзишманд доранд.

Дар ҳамоиш  ҳамзамон намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон сухан намуданд. Бархе аз устодони фаъоли  донишгоҳ бо ифтихорномаву сипоснома, медалҳои ҷашнии донишгоҳ ва сохторҳои болозикр қадрдонӣ гардиданд.

Чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар дар донишгоҳ  бо барномаи фарҳангию фароғатии ҷолибу хотирмон анҷом ёфт.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Март 7, 2023 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид