ВАТАНДӮСТӢ АСОЛАТИ ТАЪРИХИИ МОСТ! Ва ё тоҷикон аз азал меҳандӯст буданд

Март 6, 2023 15:25

ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ватандӯстӣ ва меҳандӯстӣ — принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ буда, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Нишонаҳои ватандӯстӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд. Бо мурури замон ҳисси дилбастагӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъият пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои инкишоф додани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ нишонаи барҷастаи ватандӯстист. Чунин нигоштааст дар мақолаи худ ноиби Ректор оид бa тaълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзaди илмҳои педaгогӣ, дотсент Дaврон Сафарзода.

Дар зер АМИТ «Ховар» идомаи мақоларо пешниҳоди хонандагон мегардонад.

— Тарбияи ватандӯстӣ аз меҳри Ватан, дӯст доштани модар, зану фарзанд ва пеш аз ҳама, доштани ҳувияти миллӣ оғоз мешавад. Дар шароити ноустувори сиёсии замони муосир, ки манфиатҳои геополитикиву сиёсии абарқудратҳо дар минтақа ва ҷаҳон бархӯрд мекунанд, маҳз ватандӯстӣ ва тарбияи он дар замири шаҳрвандон метавонад амнияту осоиштагӣ, оромиву тинҷӣ ва бехавфии мамлакатро таъмин кунад. Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад.

Тақозои замон аст, ки давлатҳои рӯ ба рушд, миллӣ ва тозаистиқлол барои ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва анъаноти ниёгони худ дар замони шадиди бархӯрди тамаддунҳо шаҳрвандони худ ва бахусус насли ҷавони мамлакатро бояд аз хатарҳои навини ҷаҳонӣ эмин нигоҳ доранд. Ин маҳз тавассути тарбияи ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва дӯстдориву муҳаббат нисбат ба таърихи бойи сарзамини аҷдодӣ метавонад амалӣ гардад.

Ба ин масъала дар Тоҷикистони соҳибистиқлол диққати махсус дода шуда, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад ва он дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин соли 2017 дар мамлакат “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” қабул гардида буд. Ин барнома бо мақсади муайянсозии тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир таҳия гардида буд. Дар муддати начандон тӯлонии амали худ барномаи мазкур тавонист, ки дар замири ҷавонон ҳисси муҳаббату садоқатро нисбат ба Тоҷикистони азиз бедор кунад. Аммо ҷаҳони муосир низ мисли инсонҳо рӯз ба рӯз гуногунранг ва гуногунсамт мешавад. Ин аст, ки барномае, ки барои муддати кӯтоҳ ва маҳз ба хотири як қишри ҷомеа қабул карда мешавад, натиҷаи камтар нишон медиҳад. Вобаста ба ин соли 2022 бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии ҷавонон” омода карда шуд ва он 24 декабри соли 2022 аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқи расмии худро ёфт.

Дар муқаддимаи қонуни мазкур омадааст, ки ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон, тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат аз мақсадҳои асосии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.

Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва сар задани хатарҳои мухталиф, аз қабили бархӯрди тамаддунҳо, нестшавии фарҳангҳо, ҷангҳои иттилоотӣ ва амсоли ин, бояд аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” огоҳ бошад. Зеро ин қонун ба ҳар яки мо моҳияти аслии Ватан ва ватандӯстиро шарҳ медиҳад. Дар моддаи 1-и қонуни мазкур мафҳуми “Ватан” ва “ватандӯстӣ” чунин шарҳ дода шудааст: “Ватан — Тоҷикистон, давлати азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд; — ватандӯстӣ — муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан”.

Дар маҷмуъ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар давлатҳои соҳибистиқлоли миллӣ, ба монанди ҷумҳурии мо, шарти асосии таъмини истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, якпорчагиву тамомияти арзӣ, амнияти комили давлат, таъмини рушди устувор ва бақои давлату давлатдории миллист.

Бо татбиқи Қонун “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” пояҳои истиқлолу ваҳдати миллӣ, амнияту суботи сартосарӣ устувор монда, масоили ҷойдоштаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ марҳила ба марҳила бартараф, ҳадафҳову нақшаҳои стратегӣ ҳосил ва ҷумҳурии мо дар қатори давлатҳои мутараққии ҷаҳон пешрафта мегардад.

Зимнан, бояд амиқ дарк созем, ки аҷдодони мо аз таърихи дур миллати ватандӯст буданд ва дар ҳама ҳолат барои ҳифзи амнияту сулҳу осоиштагии Ватани худ мубориза мебурданд. Моро зарур аст, ки бо пайравӣ аз гузаштаҳои худ асолати таърихии хешро зинда нигоҳ дошта, ватандӯсту хештаншинос бошем. Дар ин раванд зиёиёни мамлакатро низ зарур аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур пешсафӣ нишон дода, барои мардуми мамлакат намунаи беҳтарини ибрат бошанд.

Дaврон СAФAРЗОДA,
ноиби якум, ноиби ректор оид бa тaълими
Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзaди илмҳои педaгогӣ, дотсент 

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 6, 2023 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» таҳия мегардад
ВАКОЛАТИ КОМИССИЯҲОИ ҲАВЗАВӢ ВА УЧАСТКАВӢ. Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ПАЁМ-ҚУТБНАМОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон ва нақшаҳои рушди устувор дарҷ шудаанд
Иқтисоди рақамӣ яке аз шартҳои асосии рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад
Агентии обуҳавошиносӣ: «Аз 8 то 11 феврал дар Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст»
«МОДАР! ТУ БИҲИШТИ ҶОВИДОНӢ!». Таҳти ин унвон дар Суғд бахшида ба Рӯзи Модар чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд
Дар Душанбе оид ба татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саммити чорум доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Хадамоти иҷро зиёда аз 44 ҳазор мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 109 хонаи аз офатҳои табиӣ зарардида барқарор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 барои нафақагирон маблағгузорӣ 48 фоиз зиёд гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо 26 маркази тадқиқотӣ созишномаи ҳамкорӣ дорад
«ЗАНОН-ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар вилояти Хатлон беш аз 19 ҳазор занон роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд