219 ғолиби олимпиадаҳои фаннии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуд

Апрель 3, 2023 11:46

ДУШАНБЕ, 03.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюм (шаҳрӣ)-и олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор карда шуд. Зимни он 219 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки ҷойҳои фахрии олимпиадаҳои фанниро сазовор шудаанд, қадрдонӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Дар он ғолибони олимпиада оид ба «Шоҳмот», олимпиадаи даставии «Истеъдод» ва «Spelling bee» ва олимпиадаҳои фаннӣ аз рӯйи 8 номинатсия қадрдонӣ карда шуд.

Ҷамъбаст ва натиҷагирии даври сеюми олимпиадаҳои фаннии хонандагон нишон дод, ки ноҳияи Сино бо гирифтани 499 ҷойи ифтихорӣ мақоми аввал, ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо гирифтани 189 ҷойи ифтихорӣ мақоми дуюм, ноҳияи Фирдавсӣ бо гирифтани 157 ҷойи ифтихорӣ ва ноҳияи Шоҳмансур бо 134 ҷойи ифтихорӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Дар маросими мазкур роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва масъулини сохторҳои маорифи пойтахт иштирок намуданд.

Ташкили озмуну олимпиадаҳо яке аз воситаҳои муҳими дарёфти хонандагони боистеъдод ва лаёқатманд буда, дар ин самт бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои судманду муассир амалӣ гардида, дар пойтахт мунтазам ҳаракати олимпии хонандагон вусъат ёфта, шумораи бештари хонандагонро фаро гирифта истодааст.

Танҳо ҳамин сол дар пойтахт 8 намуд олимпиадаи гуногуни фаннӣ ва зеҳнӣ бо ҷалби зиёда аз 5000 хонандаи синфҳои 5-11 баргузор гардид, ки ин нишондиҳанда аз солҳои қаблӣ ба маротиб бештар аст. Дар ин сабқатҳо аз чор ноҳияи пойтахт 5356 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 980 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардид, ки 183 нафар хонандаи синфҳои 11 мебошад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Апрель 3, 2023 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд