Байни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Орлови Федератсияи Русия вохӯрӣ доир мешавад

Апрель 24, 2023 13:20

ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел, соати 9:30 дар шаҳри Душанбе байни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони вилояти Орлови Федератсияи Русия вохӯрии дуҷониба (B2B) баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ҳайати тиҷоратии вилояти Орлов  4  ширкату корхонаи калону  миёна ва бонуфузро дар бар мегирад. Мақсади сафар дидан намудан аз имконоти соҳибкориву сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайдо намудани шарикони ҳамкор ба шумор меравад.

Ширкатҳои мазкур дар соҳаҳои  истеҳсоли масолеҳи композитӣ барои иншооти гидротехникӣ, истеҳсоли насос ва компрессорҳо, таъмини металлопрокат, чӯбу тахта, паддонҳои прессшуда ва дорои иқтидори борбардории то 1,2 тонна, тахтаи фарш, вагонка ва ғайра фаъолият мекунанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 24, 2023 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд