Байни Вазорати нақлиёт, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиёт санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Апрель 25, 2023 13:13

ДУШАНБЕ, 25.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт  ба имзо расид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки санади мазкур дар ҳошияи  ҷаласаи 46-уми Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ва Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Роҳҳои Тоҷикистон: вазъият, мушкилот ва дурнамои рушд», ки дирӯз дар Душанбе доир гардид, имзо шуд.

Дар доираи санад тарафҳо дар табодули кормандони ҳамдигар бо мақсади бозомӯзӣ ва шиносоӣ бо дастовардҳои муосир дар соҳаи нақлиёт ва логистика, инчунин дар рушди рақамикунонии соҳаи нақлиёти автомобилӣ, сиёсати байналмилалии нақлиёт, барномаҳои таълимӣ ва тадқиқотӣ дар соҳаи нақлиёт, таҳсилоти дарозмуддат ва хизмати давлатӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон, кормандони муассисаҳои давлатии соҳаи нақлиёт  саҳм мегузоранд.

Ҳамзамон дар доираи Ёддошти тафоҳум ҷонибҳо иштироки муштараки мутахассисон дар конфронсҳо, семинарҳо, таҷрибаомӯзӣ, намоишгоҳҳо, лоиҳаҳои тадқиқотӣ ва озмунҳоро густариш дода, барои пешбурди озмуни глобалии корҳои донишҷӯён дар соҳаи занҷирҳои устувори ҷаҳонии таъминот, ки аллакай аз ҷониби Гурӯҳи дӯстони Созмони Милали Муттаҳид оид ба нақлиёти устувор ва донишгоҳҳои пешрафтаи байналмилалӣ дар Аврупо ва Осиё ҷонибдорӣ гардидааст, саъй менамоянд.

     АКС:АМИТ «Ховар»

Апрель 25, 2023 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид