Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб толори Шӯрои олимон ифтитоҳ ёфт

Апрель 19, 2023 08:54

КӮЛОБ, 19.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 апрел бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ толори Шӯрои олимон ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.

Ба ин муносибат дар толор ҷаласаи Раёсати донишгоҳ гузаронида шуд. Зимни он гуфта шуд, ки «созандагӣ ҳадафи аввалиндараҷаи роҳбарияти донишгоҳ ба шумор рафта, ободсозиву хуррамгардонӣ дар оянда низ идома меёбад.  Кӯшиш мекунем, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, баҳри шукуфоии Ватани азизамон камари ҳиммат бандем».

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ташкили чунин толорҳои  барҳаво дар ҳар факултет ба нақша гирифта шуда, зина ба зина ин созандагӣ идома дода мешавад.

 АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Апрель 19, 2023 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд