Дар Душанбе ҷаласаи 3-юми зеркумита оид ба рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд

Апрель 22, 2023 14:40

ДУШАНБЕ, 22.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи зеркумита оид ба рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода ва Иттиҳоди Аврупоро Сардори Департаменти Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ, Директори генералии INTRA Комиссияи Аврупо Сара Риналди роҳбарӣ намуд.

Инчунин дар ҷаласаи зеркумита роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони сохторҳои дахлдори мамлакат, аз ҷумла муовинони вазирони молия, энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тақвият додани ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар доираи Барномаи нави индикативӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027, тақвияти робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, ҳамзамон дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот, дастгирии буҷет, амнияти сарҳадӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, таъсиси технопаркҳо ва технологияҳои рақамӣ, шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+)-ро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон вобаста ба ҷалби бештари сармояи Иттиҳоди Аврупо ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд намудани маблағҳои лоиҳаҳои афзалиятноки мамлакат, инчунин маблағгузории НБО «Роғун» ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, хусусан корхонаҳои нассоҷӣ, сохтмони неругоҳи барқи обии хурду миёна пешниҳодҳои мушаххас манзур гардид.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 22, 2023 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад